Маълумоти охирин
Главная / Илм / Палеоиқлимшиносӣ

Палеоиқлимшиносӣ

Палеоиқлимшиносӣ, (аз па­лео… ва иқлимшиносӣ), илмест дар бораи иқлими замонҳои пешин ва таърихи иқлими Замин. Иқлими за­монҳои қадим аз рӯи нишонаҳои гуногун — таркиби моддаҳо ва хусусиятҳои текстураи ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ, инчунин боқимондаи организмҳои ҳайвоноту наботот ва ғайра таҷдид карда мешавад.

Палеоиқлимшиносӣ, ки иқлими замони қадимро муқаррар менамояд, қисми муҳими палеогеография ба шумор меравад. Он бо стратигра­фия ва палеонтология, геоморфоло­гия ва таълимот доир ба сарватҳои зеризаминӣ зич алоқаманд аст. Натиҷаҳои тадқиқоти геологӣ дар асоси қоидаҳои назариявии иқлимшиносӣ, метеорология, география, геофизика ва астрономия таҳлилу ҷамъбаст карда мешаванд.

Бори аввал соли 1686 физик ва мате­матики англис Р. Гук дар асоси боқимондаи организмҳои қадими иқли­ми замони гузаштаро таҷдид карданӣ шуд. Аммо Палеоиқлимшиноси илмӣ танҳо солҳои 80 асри 19 ба вуҷуд омад, ки он вақт баробари маьлумоти палеонтологӣ маълумоти литологиро низ ба сифати нишондиҳандаи иқлими замони қадим истифода мебурдагӣ шуда буданд, ки он бо омилҳои иқлими вобастагии зиёде дошта, вазифаи индикаторҳои иқлимии хеле гаронбаҳоро ба ҷо меорад. Масалан, намак аз иқлими аридӣ (гарми камбориш), торф, ангиштсанг ва каолин аз иқлими сербориш, оҳаксанг ва иқлими гарм ва моренаҳо аз иқлими хунук дарак медиҳанд. Нишондиҳандаҳон геологии иқлими замони қадимро ба 3 гурӯҳи асосӣ — литологӣ, палеобо­таникӣ ва палеозоологӣ ҷудо мекунанд.

Нишондиҳандаҳон лито­логӣ қариб дар ҳама ҷо ҳастанд; онҳо шароити иқлимии замони қадимро тавассути хусусият ва суръати просесси фарсоиш, дараҷаи дифференсиатсияи ҷинсҳои таҳшинӣ ва миқёсӣ минералҳосилшавии аутигонӣ инъикос менамоянд.

Нишондиҳандаҳои пале­оботаникӣ боқимондаи набототи қадимианд, ки дар онҳо таъсири иқлим, замон ва макони сабзиш акс ёфтааст. Масалан, форматсияи бешаҳои тропики аз иқлими гарми намнок, форматсияи саваннаҳо ва бешаҳои сираки ксерофилӣ аз иқлими гарми хушк гувоҳӣ медиҳанд; форматсияи бешаҳои баргрез индикатори иқлими мӯътадил мебошад. Изи ҳалқаҳои солонаи дарахтон низ индикатори палеоботаникӣ аст ва ин содаро илми дендроиқлимшиноесӣ меомӯзад.

Нишондҳдандаҳон пале­озоологӣ боқимондаи организмҳои қадимианд, ки иқлими давраи мавҷудияти худро акс менамоянд. Фаунаи баҳрӣ аз давраи ангишт ин ҷониб ба минтадаҳои биогеографии тропикӣ ва бореалӣ ҷудо шудааст. Дар ин минтақаҳо тафовути режими ҳарорат хеле кам буд. Ҳайвонҳои мӯҳрадори хушкӣ дар давраи девон пайдо шуданд. Ширхӯрони эраи кай­нозой дар иқлим ва шароити гуногун зиндагӣ карда метавонистанд. Иқлими замони қадим асосан аз эраи палеозой ин ҷониб ва он ҳам ба таври умумӣ муайян карда  шудааст.

Дар ҳар як давраи геологӣ атмосфераи Замин таркиби худро тағйир медод, миқдори буғи об кам шуда, роли нисбии оксиген меафзуд. Бинобар ин «таъсири гармӣ»-и ат­мосфера камтар ва тафовути банки қутбҳою экватор бештар гардида буд. Аз нимаи дуюми олигосен хунукиҳои сахт сар шуда, дар антро­поген авҷ гирифт. Тағйироти пай дар паи ҳарорат ва намнокӣ боиси бадалшавии давраҳои яхбандию байнияхбандӣ дар арзҳои баланд ва иваз шудани иқлими плювиалию ксеротермӣ дар арзҳои паст гардид. Палеоиқлимшиносӣ таърихи иқлими Заминро омӯхта, сабабҳои пайдоиши сарватҳои зеризаминӣ ва шароити зиндаии ҳайвоноту набототи давраҳои гузаштаи геологиро муайян мекунад, тағйиро­ти минбаъдаи иқлимро пешгӯи менамояд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …