Маълумоти охирин

Пака

Пака (CuHiculus), як ҷинси хояндаҳост аз оилаи агутиҳо. Пой ва думаш кӯтоҳ; калонҷусса (дарозиаш то 80 сантиметр), пашмаш дурушти кӯтоҳ, рангаш тираи қаҳвагӣ, дар ду паҳлӯяш 4 қатор холҳои сафед ва дар паси ҷоғаш ҷавф дорад, ки он вазифаи садопардаро иҷро мекунад. Ду намуди Пака маълум аст: дар доманаи кӯхи Кордилер (аз Венесуэла то Эк­вадор) маскунанд. Дар соҳилхои дарё лона кофта зиндагӣ мекунад. Пакаи модина соле ду бача мезояд. Гӯшташ хӯрданбоб.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …