Маълумоти охирин
Главная / Илм / Органоидҳо

Органоидҳо

Органоидҳо (аз орган ва юнонӣ ei- dos — намуд), структураҳои доимии ҳуҷайраҳои ҳайвоноту растаниҳост. Ҳар як органоид вазифаи муайяни барои ҳуҷайра ҳаётан муҳимро иҷро менамояд. Ҳамин тариқ, ҳар як зуҳуроти фаъолияти ҳуҷайра натиҷаи Органоидҳо аст.

Ба Органоидҳо митохондрияҳо, комплекси Голҷи (аппарати тӯршакли дохилиҳуҷайравӣ, ки ташаккули таркибҳои гуногуни дохилиҳуҷайравӣ бо он алоқаманд аст), маркази ҳуҷайра, тӯри эндоплазмавӣ, рибосомаҳо, микронайчаҳои ситоплазмавӣ ва ғайра, дар ҳуҷайраҳои растанӣ бошад, пластидҳо, сферосомҳо (зарраҳои махсуси ҳуҷайраи растаниҳо) мансубанд. Алҳол олимон доир ба органоид будан ё набудани лизосо­маҳо ба хулосае наомадаанд. Органоидҳо бо таркибҳои мувакқатии ҳуҷайра, ки дар просесси мубодилаи модда ҳосил шуда, боз нест мешаванд, ҳеҷ гуна муносибате надоранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …