Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Образҳои ҷовид

Образҳои ҷовид

«Образҳои ҷовид», образҳои барҷастаи адабиёти ҷаҳон, ки қувваи бузурги ҷамъбастӣ дошта, дар ҳеҷ давра аҳамияти бадеии худро гум намекунанд. Чунончи, образҳои Лайлию Маҷнун (аз достони Низомӣ ва дигар шоирони форс-тоҷик) ба рамзи ишқу вафо табдил ёфтаанд. Ё образи Рустам (аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) рамзи мардию қаҳрамонист, ки дар ҳамаи давраҳо ба одамон далерию адолатхоҳиро талқин менамояд.

Дон Кихоти Серван­тес, Ҳамлет, Отелло и Шекспир, модар Пелагея Ниловнаи Максим Горкий, Корчагини Н. Островский низ аз ҷумлаи «Образҳои ҷовид» мебошанд. Ин образҳо дорои мазмуни конкретии таърихй буда, бо қувваи баланди бадеии худ барои наслҳои оянда низ аҳамият доранд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …