Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Обнорский Сергей Петрович

Обнорский Сергей Петрович

Обнорский Сергей Петрович (26. 6. 1888, Петербург— 13, 11. 1962, Мо­сква), забоншиноси советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1939). Университети Петербургро тамом кардааст (1910). Профессор университетҳои Перм (1916—1922) ва Ле­нинград (аз соли 1922). Обнорский ба тадқиқи масъалаҳои морфология ва фонетикаи таърихии забони русӣ, маданияти нутқ ва лексикография машғул буд.

Назарияи тозаи асосхои халқии забони адабии русро ӯ ба миён гузошт. Мухаррири луғати академии забонӣ русӣ (1912—37), аъзои тах- ририяи луғати ҳабдаҳҷилдаи акаде­мия забони хозираи адабии рус (1950—65). Асосгузор ва нахустин директори Институти забони русии Академияи Фанҳои СССР (1944—50). Лауреати Мукофотҳои давлатӣ (1947) ва ленинӣ (1970, пас аз марг). Бо се ордени Ленин ва медалҳо мукофотнида шудааст.

Основание: Избранные работы по русскому языку, Москва 1960.

Алдабиёт: Бархударов С. Г., Академик С.П. Обнорский (К 70-летию со дня

рождения), «Вопросы языкознания»», Ленинград 4, 1958.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …