Маълумоти охирин

Нова

Нова, нов, новдон, новадон, 1) иншооти кушоди обгузаро­нӣ (бе истифода бурдани фишор). Нова аз рӯи истифода гидротехники ва гидравликӣ мешавад. Новаи г и д ротехникиро дар хати роҳи ка­нал ё дар системаи гидроузел барои чӯбфурорӣ ва моҳигузаронӣ месозанд. Нова гидравликӣ ё л а б о раторӣ ҳамчун таҷҳизоти асосии лабораторияи гидравликӣ барои тадқиқ намудани модели иншооти гид­ротехникӣ, таъсири мавҷ, инчунни корҳои таълимӣ хизмат мекунад. Нова аз чӯб, бетон, оҳанбетон, санг ва пулод (Ни гидравликӣ аз шиша ва пластмасса) сохта мешавад. Дар районҳои серчуб Новаи чубии ва дар сохтмонҳои гидротехникию мелиоративӣ бештар оҳанбетонӣ маъмул шудааст. Ниг. низ Акведук. 2) Чӯби миён кофташуда, ки дар обрезҳо ва обгузарҳо кор мефармоянд (дар лаби бом, осиё ва ғайра). 3) Рулачӯби миёнхолӣ, ки гилкорон бо он гил мекашонанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …