Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Норденшелд Нилс Адолф Эрик

Норденшелд Нилс Адолф Эрик

Норденшелд (Nordenskiold) Нилс Адолф Эрик (18.11.1832, Хелсинки — 12.8.1901, Далью, наздикии Малмё), геолог ва географи Шветсия, тадқиқотчии Арктика, баҳрнавард, муарриху картограф, аъзои АФ Стокголм (1858). Аъзо-корр. АФ Петербург (1879), аъзои фахрии Ҷамъияти географҳои рус (1881). Соли 1853 Университети Гелсингфорс (ҳоло Хельсинки )-ро хатм кард. Соли 1861 дар экспедитсияи О. Торелл дар Шпитсберген иштирок дошт.

Солҳои 1864, 1868 ва 1872—1873 экспедитсияе, ки ба он Норденшелд роҳбарӣ мекард, соҳилҳои Шпитсбергенро ба нақша гирифт ва аввалин шуда минтақаи яхбастаи шарқиро бурида гузашт. Солҳои 1870 ва 1883 ба экспедитсияҳои Шветсия дар Гренлан­дия роҳбарӣ кардааст. Солҳои 1875—1876 аз Шветсия то резишгоҳи дарёи Ени­сей омада, ба корҳои илмӣ роҳбарӣ намуд. Солҳои 1878—1879 Норденшелд бо киштии «Вега» аз уқёнуси Атлантик ба Ором шино карда, ба воситаи канали Суэтс ба Шветсия баргашт (1880) ва бо ҳамин аввалин маротиба тамоми Евросиёро давр зад. Ба як қатор объектҳои географӣ, аз ҷумла ба галачазира дар шимоли ҷазираи Таймир, халиҷҳо дар соҳилҳои Замини Нав ва Замини Шимолу Шарқии Шпитсберген, нимҷазираи Шпитсбергени Ғарбӣ (Замини Норденшелд) ва ғайра номи Норденшелд дода шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …