Маълумоти охирин
Главная / Илм / Номукаллафӣ

Номукаллафӣ

Номукаллафӣ, дар ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳолати рӯҳие, ки дар он шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад. Дар СССР барои муайян  намудани ҳолати Номукаллафӣ дар қонуни ҷиноятӣ меъёри юридикӣ ва тиббӣ истифода мешавад. Барои шахсеро номукаллаф ҳисобидан сабаби бемории рӯҳии вайро муайян кардан зарур аст. Агар экспертизаи судии психологӣ муайян кунад, ки шахс гирифтори яке аз аломатҳои бемории рӯҳист, суд метавонад онро номукаллаф шуморад.

Дар моддаи 11 КҶ РСС Тоҷикистон зикр шудааст: шахсе, ки дар вақти содир кардани кирдори барои ҷамъият хавфнок дар ҳолати Номукаллафӣ будааст (аз сабаби бемории рӯҳии доимӣ, парешонҳолии муваққатии рӯҳӣ, сустақлӣ ё дар вазъияти дигар беморӣ оқибати ҳаракатҳои худро фаҳмида ё саршита карда наметавонад), ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад. Ин гуна шахсро аз рӯи таъиноти суд маҷбуран табобат (хобондан дар беморхонаҳои рӯҳии умумӣ ва махсус) кардан мумкин аст. Инчунин ба шахсе, ки дар вазъияти мукаллафӣ ҷиноят содир кардааст (вале неш аз бароварданив ҳукми суд гирифтори бемории рӯҳӣ шуда, харакатҳои худро фаҳмида наметавонад ё ки ҳаракатҳои худро саришта карда натавонад), ҷазо дода намешавад. Ин гуна шахс аз рӯи таъиноти суд мумкин аст маҷбуран табобат карда шавад. Пас аз сиҳат ёфтани ин шахс мумкин аст ба ӯ ҷазо дода шавад (моддаи, 11, 55 КҶ РСС Тоҷикистон).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …