Маълумоти охирин
Главная / Илм / Номукаллафи

Номукаллафи

Номукаллафи, дар хукуки чинояти холати рухие, ки дар он шахс ба чавобгарии чинояти кашида намешавад. Дар СССР барои муайян  намудани холати Номукаллафи дар конуни чинояти меъёри юридики ва тибби истифода мешавад. Барои шахсеро номукаллаф хисобидан сабаби бемории рухии вайро муайян кардан зарур аст. Агар экспертизаи судии психологи муайян кунад, ки шахс гирифтори яке аз аломатхои бемории рухист, суд метавонад онро номукаллаф шуморад.

Дар моддаи 11 КЧ РСС Точикистон зикр шудааст: шахсе, ки дар вакти содир кардани кирдори барои чамъият хавфнок дар холати Номукаллафи будааст (аз сабаби бемории рухии доими, парешонхолии муваккатии рухи, сустакли ё дар вазъияти дигар бемори окибати харакатхои худро фахмида ё саршита карда наметавонад), ба чавобгарии чинояти кашида намешавад. Ин гуна шахсро аз руи таъиноти суд мачбуран табобат (хобондан дар беморхонахои рухии умуми ва махсус) кардан мумкин аст. Инчунин ба шахсе, ки дар вазъияти мукаллафи чиноят содир кардааст (вале неш аз бароварданив хукми суд гирифтори бемории рухи шуда, харакатхои худро фахмида наметавонад ё ки харакатхои худро саришта карда натавонад), чазо дода намешавад. Ин гуна шахс аз руи таъиноти суд мумкин аст мачбуран табобат карда шавад. Пас аз сихат ёфтани ин шахс мумкин аст ба у чазо дода шавад (моддаи, 11, 55 КЧ РСС Точикистон).

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …