Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нодиршоҳ Муҳаммад

Нодиршоҳ Муҳаммад

Нодиршоҳ Муҳаммад (09.04.1883, шаҳри Деҳрадуни Ҳиндустон — 08.11.1933, Кобул), шоҳи Афғонистон аз соли 1929. Дар давраи ҷангҳои Афғонистон ба муқобили Англия барои истиқлолият (ниг. Ҷангҳои Англияю Афғонистон), хусусан соли 1919 роли калон бозид. Солҳои 1919—1924 вазири ҳарбӣ, 1924—1926 дар Париж сафир буд. Соли 1926 ба истеъфо баромада, дар Франсия сокин шуд. Вале соли 1929 ба ватан баргашта, ба муборизаи зидди Бачаи Caққo сарварӣ намуд ва дар ҳамон сол соҳиби тахту тоҷ шуд. Дар натиҷаи суиқасд ҳалок гардид.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …