Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нарзуллоев Бахрулло Нарзуллоевич

Нарзуллоев Бахрулло Нарзуллоевич

Нарзуллоев Бахрулло Нарзуллоевич (таваллуд. 02. 05. 1927, Самарканд — 17.6.1982, Душанбе), физики советӣ, Ҳодими Хиаматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон. (1977), доктори илмҳои физика ва математика (1969), профессор. (1970). Аъзои КПСС аз соли 1958. Университети давлатии Самарқандро (1948) хатм кардааст. Солҳои 1954—55 ҳодими калони илмии Институти сохтмонии зилзилабардор ва сейсмологияи АФ РСС Тоҷикистон; аз 1955 мудири кафедраи физикаи эксперименталӣ, 1956 — 58 декани факултети физикаю математика, 1968 проректор оид ба корҳои илмӣ, 1965—72 мудири лабораторияи физикаи мустаҳкамии полимерҳо ва 1972—82 мудири кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти Университети Давлатии Тоҷикистон буд.

Корҳои илмии Нарзуллоев асосан ба физикаи мустахкамӣ ва вайроншавии ҷисмҳои сахт оиданд. Нарзуллоев таъсири омилҳои беруна (муҳитҳои химиявӣ, модификатсияи физикии сохт, афканишот ва ғайра)-ро ба протсесси механикии вайроншавии ҷисмҳои сахт тадқиқ намуда, нишон дод, ки табиати термофлуктуатсионии вайроншавии полимерҳо баъди таъсири ии омилҳо низ боқӣ мемонад, аммо механизми ин вайроншавиҳо вобаста ба шароити конкретии таъсири омилдҳои беруна тағйир ёфта метавонад. Бо роҳбарии Нарзуллоев дар асоси тадқиқотҳо структурии нахҳои полимерия табиии абрешим, пашм, пахта ва тадқиқи механикаи вайроншавии ин полимерҳо, роҳҳои беҳтар кардани хусусиятҳои истифодавии онҳо (мустаҳкамӣ, матонат ба таъсироти мухит, шуоъ ва ғайра) пешбинӣ шуданд. Нарзуллоев муаллифи бештар аз 200 асари илмӣ мебошад. Нарзуллоев раиси сектсияи Совети илмию техникии назди Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси РСС Тоҷикистон, аъзои Совети илмию-техникӣ оид ба физикаи  ҷисмҳои сахт дар назди Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ буд. Ба Нарзуллоев унвони фахрии Аълочии Маорифи Халқи РСС Тоҷикистон дода шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …