Маълумоти охирин

Наримон

Наримон,  Найрам (дар забони авестоӣ нара маинйуш — нарандеш, марди диловар, паҳлавон), яке аз қаҳрамонони ҳамосаи қадимии мардуми эронинажод, аз силсилаи паҳлавонони Систон. Аз рўи баъзе ривоятҳо Наримон писар, дар ривоятҳои дигар бародари Гаршосп аст. Дар осори пешазисломӣ, дар порчаҳои суғдии то замони мо омада номи Наримон дар баробари Сому Рустам ба назар мерасад. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Наримон падари Сом аст, вале ҳеҷ гуна хабаре дар бораи паҳлавонӣ ва саргузаштҳояш наомадааст. Дар «Гаршосинома»-и Асадии Тӯсӣ Наримон  дар баробари Гаршосп яке аз персонажҳои асосист. Мувофиқи ривояти Асадии Тӯсӣ, Наримон писари Гуранги бародари Гаршосп буда, пас аз марги Гурант Гаршосп Нариомнро писар хондааст. Гаршосп ва Наримон ба Фаридун хизмат мекарданд. Наримон ба духтари яке аз бузургони Балх хонадор шуд. Писари Наримон  Сом бобои Рустам аст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …