Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нажодпарастӣ

Нажодпарастӣ

Нажодпарастӣ, и р қ п а р а с т ӣ, маҷмӯи таълимотҳои зиддиилмиест, ки нобаробарии ҷисмонию рӯҳонии нажодҳои одамӣ ва нуфузи ҳаллоли тафовути нажодиро ба таъриху фарҳанги ҷамъиятӣ талқин мекунад.

Тамоми шаклҳои Нажодпарастӣ ақидаи бардурӯғи азалӣ будани фарқҳои нажоди олию оддӣ, ҳуқуқи золимию мазлумиро эътироф менамоянд. Нажодпарастӣ тамаддуни ҷаҳониро маҳсули фаъолияти нажоди олӣ дониста, қобилияти на­жоди оддиро инкор мекунад. Ақи­даи нобаробарии табиии одамон дар ҷамъияти ғуломдорӣ пайдо шуда, ба­рои асоснок кардани нобаробарии иҷтимоии ғуломону ғуломдорон хизмат карда буд. Дар асрҳои миёна ақидаи тафовути «хунӣ»-и «аъёну ашроф» ва «мардуми авом», нобаро­барии табақавии одамонро муҳофизат менамуд. Дар давраи андӯхти капитал (асрҳои 16—18) ва истилои мустамликаҳо Нажодпарастӣ ба рӯпӯш намудани истисмори бераҳмона, асоснок кардани маҳви ҳиндиёни амернкоӣ, африкоиҳо, бисёр халқҳои Осиёи Ҷанубӣ ва ғайра равона шуда буд. Аввалин «асарҳои» ҷамъбастӣ роҷеъ ба Нажодпарастӣ дар миёнаи асри 19 таълиф шу­данд.

Масалан, Ж. А. Гобино дар «Таҷриба аз нобаробарии нажодҳои инсонӣ» ориёни малламӯю кабудчашмро нажоди «олӣ» номида, тамоми тамаддуни олиро маҳсули фаъолияти онҳо мешуморид. Баъдтар ҳамбастагии ғояҳои Нажодпарастӣ бо дарвинизми иҷти­моӣ сурат гирифт. Сотсиал- дарвинистҳо бо мақсади асоснок намудани бартарии ирсии синфҳои ҳукмрон аз таълимоти малтусчиён ва нуқтаҳои евгеника истифода кардаанд. Чунин ақидаҳои инсонбадбинона дар давраи империализм, махсусан дар Британияи Кабир, Германия ва ШМА васеъ паҳн шуданд.

Баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар байни доираҳои иртиҷоии Германия «афсонаи шимолӣ» дар бораи бартарии нажод- ҳои шимол ё нордӣ шуҳрат ёфт. Си­онизм бо мақсади ба амал баровардани ниятҳои зишту разилона афсонаи зиддиилмии миллати ягонаи ҷаҳон будани яҳудиёнро шиори асосии худ қарор додааст. Маълумоти илмҳои ҷамъиятшиносӣ, табиатшиносӣ, антропология, этнография ва ғайра асос надоштани ақидаҳои Нажодпарастиро исбот намудаанд. Таҷрибаи сохтмони сотсиализму коммунизм дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ва дигар мамлакатҳои ҷаҳони сотсиа­лизм, ки аз ҷиҳати нажодӣ гуногунтаркибанд, таълимоти мавҷудияти нажодҳои «олӣ» ва «оддӣ»-ро ба куллӣ рад намуд. Мубориза ба муқобили Нажодпарастӣ қисми таркибии муборизаи сиёсию идеологии сотсиализм бо капитализм аст.

Ад.: Рогинский Я. Я., Левин М. Г., Расизм и его сотсиалные корни, дар кит.: Антропология, М., 1963; Про­тив расизма (начм. мак.), М., 1966; До­кументы обличают расизм, М., 1968; На­роды против расизма, М., 1970; Ч е б о к с а р о в Н. н., Чебоксарова И. А., Народы, расы, културы. М.. 1971; Расы и народы, в. 1—5, М., 1971—74.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …