Маълумоти охирин

МУЗЕИ ГЕОЛОГИ

geolog-museumМУЗЕИ ГЕОЛОГИИ Управле­нияи геологияи Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷи­кистон, ки соли 1959 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Геологи Хизматнишондодан Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Д. 3. Гачечиладзе таъсис ёфтааст. Асоси экспози- сияи онро коллексияи матерналҳое ташкил медиҳад, ки онҳоро ишти- рокчиёни партияҳои геологӣ ва геологҳои ҷудогона аз соли 1939 инҷониб ҷамъ кардаанд. Охири соли 1970 музей ба бинои нави махсус кӯчонида шуд. Музеи      геологӣ З шуъба дорад: сис­тематики (таълимӣ), сарватҳои зеризаминӣ, геологияи регионалӣ. Шуъбаи систематикӣ коллексияи соҳаҳои минералогия, пет­рография, кристаллография, пале­онтология ва палеоботаникаро дар бар мегирад. Шуъбан сарватҳ о и зеризаминӣ шуъбаи асосӣ буда, дар он коллексияҳои тамо­ми конҳои истифодашаванда ва баъзе конҳои дорои аҳамияти илмии республика гирд оварда шудаанд. Шуъбаи геологияи регио­налӣ сохти геологии территорияи Тоҷи- кистонро инъикос менамояд. Дар музей фактҳои геологии мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус оид ба соҳаҳои минералогия, петрографии ва кристаллография машғулиятҳои амалӣ мегузаронанд. Музеи геологӣ, мутахассисони ҷавон ва мактаббачагонро бо сохти геологӣ ва сарватҳои зеризаминии кишварашон шинос мекунад. Музеи геологӣ музейҳои таъриху кишваршиносӣ, стансияи сайёҳони ҷавон, мактабҳо, техникум ва институтҳои республи­каро бо ҳар гуна коллексияҳо таъмин менамояд; бо бисёр музей ва муассисаҳои геологии мамлакатамон робита дорад.

Г. Рубсова.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …