Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Муҳорибаи Курск

Муҳорибаи Курск

Яке аз муҳорибаҳои калонтарини Ҷанги бузурги Ватанӣ(1941-1945) аз 5 июл то 23 августи 1943 дар ноҳияи камони Курск. Муҳорибаи Курск ба ду давра тақсим мешавад:ҷангҳои мудофиавӣ(5-23июл) ва ҳуҷҷуми ҷавобии Армияи Советӣ(12 июл-23август). Баъди ғалабаи Армияи Советӣ дар муҳорибаи Сталинград қӯшунҳои фронтҳои Брянск, Воронеж ва Марказӣ, армияи фашистони немисро аз территорияи  Панири, Дмитровск-Орловский, Селевск, Рилск, Угроеди ва белгород ронданд. Дар натиҷа хати кмоншакли  фронт ба вуҷуд омад, ки дар таърих номи “амони Курск”-ро гирифт. Ҳайҳати фармондеҳи армияи немис баъди шикасти сахт дар Сталинград плани амалиёти нави ҷангро бо номи “Қалъа” тартиб дод, ки мувофики он қушунҳои фашистии немис мебоист дар назди Курск ба Армияи Советӣ зарбаи сахт зада,  мавқеи аз даст додаи худро  барқарор мегарданд.  Фашистон дар ин муҳориба танкҳои нави “Паланг”, “Бабр”, самолётҳои қиркунандаи “ФоккеғВулф” ва ғайраро истифода бурданд. Сарфармондеҳи Армияи Советӣ  қарор дод, ки дар аввал ҷангҳои мудофиавӣ буда, баъди беҳол намудани қувваи  душман ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаранд ва армияи фашистии несимро торумор созанд. Фармондеҳи қушунҳои фашистони  немис ба ноҳияи “Камони Курск”, ки онро қушунҳои фронтҳои Марказӣ (фармондеҳаш-генерали  армия К. К. Рокоссовский) ва Воронеж (фармондеҳаш-генерали армия Н. Ф. Ватутин) мудофиа менамуданд, армияҳои 2-ум ва 9-ум пиёдагард, 4-уми танкӣ, инчунин гуруҳои оперативии “Камиф”ғро (900 ҳазор аскар, 2700 танк, зиёда аз 6 ҳазор тӯп, 3 ҳазор самолёт) равона кард. Душман 5 июл ба ҳуҷум гузашта, ба ивази талафоти калон дар роҳи Курск-Орёлтанҳо 10-12 км, дар роҳи Белгород-Курск 35 км пеш рафта тавонист. Баъд фашистон қувваи худро ба сӯи Прохоровка равона намуданд. 12 июл назди Прохоровка яке аз задухордҳои калонтарини танкҳо шуд, ки дар он аз ду тараф то 1500 танк ва техникаи бисёр истифода шуд. Душман дар ин муҳориба 350 танк ва зиёда аз 10 ҳазор  аскар талаф дод. Баъди  суст намудани қувваи душман, 12 июл қӯшунҳои фронтҳои Ғарби (фармондеҳаш — генерал В. Д. Соколовский), Брянск (фармондеҳаш — генерал М. М. Попов), 15 июл_ Фронти Марказй ба ҳуҷуми ҷавобӣ  гузашта, 5 август ш. Орёлро озод карданд. 12 июл дар ҷанубии «Камони Курск» қушунҳои Фронти Воронеж, баъдтар Фроити Даштӣ (фармондеҳаш — генерали армия И. С. Конев) ба ҳуҷум гузаштанд. Армияи ду фронт шаҳри  Харковро давр зада ‘ гузашта аз тарафи Шимолу  Ғарбии  Белгород ба қушунҳои душман зарба зад. Армияи Фронти Ҷан. Ғарбй таҳти фармондеҳии Р. Я. Малиновский аз тарафи ҷануби ш. Харков гузашта, ҳуҷуми худро сар кард. Дар натиҷаи амалиёти якҷояи қӯшунҳои се  фронт қувваи асосии душман дар ҳудуди Белгород— Харков торумор ла 23 августи  шаҳри Харков озод карда шуд. Дар М. К. аз 70 дивизияи душман 30-тоаш тамоман торумор гардид. МУҲОРИБАИ КУРСК  ба тамоми ҷаҳон кудрати техникаи ҳарбии Армияи Советиро намоиш дод. Вай  фармондеҳони душманро маҷбур кард, ки соли  1943 аз нақшаҳои пешниҳоди худ даст кашида, ба ҷангҳои  мудофиавӣ гузаранд. Дар ин муҳориба намояндагони халқи тоҷик низ иштирок карда, бисёрии онҳо бо ордену   медалҳои ҷангӣ  мукофотонида шудаанд. Аз он ҷумла Исмоил Ҳам- заалиев ва Ҳодӣ  Кенҷаев сазовори унвони олнии  Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ  гардиданд.

Адабиёт: Маркин И., Курская битва, Москва,  1958; Великая Отечестввенная Война Советского Союза 1941—45. Краткая история . Москва 1970.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …