Маълумоти охирин
Главная / Техника / МУҲАРРИКИ АБАДӢ

МУҲАРРИКИ АБАДӢ

muharriki-abadiМУҲАРРИКИ АБАДӢ, перпету­ум мобиле (лот. Регpetuum mobile, айнан-ҳаракати абадӣ), мошини хаёлиест, ки баъди як маротиба ба кор даровардан бе истифодаи энерги­яи беруна муддати дароз (абадӣ) муттассил кор карда метавонад. Чунин Муҳаррики абадӣ Муҳаррики абадии навъи 1 номида мешавад. Муҳаррики абадӣ ба қонуни бақо ва бадалшавии энергия муолиф аст, аз ин рӯ, сохтани он ғайри имкон ме­бошад. Мошини хаёлии даври амалкунанда, ки гармии ҷисмҳои иҳотакунанда (уқёнус, давое дигар манбаъҳои табиии гармӣ, ки амалан тамомнашавандаанд)-ро гирифта, онро пурра ба кор табдил дода тавонад, Муҳаррики абадии навъи 2 номида мешавад. Ва­ле сохтани Муҳаррики абадии навъи 2 ҳам аслан имконнопазир мебошад. Кори вай зоҳиран ба қонуни бақои энергия зид набошад ҳам, вале ба қонуни дуюми термодинамика мухолиф аст. Меха­низмҳое, ки аз захираҳои энергияи табиӣ (энергияи Офтоб, энергияи яд­ро ва ғайра) дуру дароз кор карда метавонанд, бо ғояи Муҳаррики абадӣ умумияте надоранд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …