Маълумоти охирин

МУҲАЙЯР

musikishinosiМУҲАЙЯР (ба ҳайрат- андозанда), дар м у с и қ ӣ, шакли озоди асари бо услуби муайян офаридашуда. Дар системаи «Дувоздаҳмақом» номи яке аз 24 шӯъба. Бино ба нишондоди Ҷомӣ қаторовози шӯъбаи Муҳайяр аз пардаҳои зерин иборат аст:

А—Ҷ – X—X—Йа—Йҷ—Йх—Йх

 Ё худ бо ифодаи cентӣ:

—О—180—294—498—702—882—996— 1200 (як октаваи бутун). Агар ин қаторовозҳоро бо нотанависии имрӯза ифода созем, шакли зеринро мегирад:

Дар «Шашмақом»—яке аа шӯъбаҳои мақоми «Ироқ» бо номи «Муҳайяри Ироқ» маъмул аст. Дар асоси шӯъбаи мазкур оҳанги «Намуди Муҳайяри Чоргоҳ» тасвиф шудааст, ки дар қисми авҷи мақом ва суруду оҳангҳои шаклан мукаммали халқӣ истифода мешавад. Яъне онро алалхусус дар шӯъбаи мақомҳои «Бузург», «Рост», «Сегоҳ» ва «Ироқ» ба кор мебаранд.

А. Низомов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …