Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МОСКВИН Иван Михайлович

МОСКВИН Иван Михайлович

moskvinМОСКВИН Иван Михайлович (18. 6.1874, Москва —16. 2. 1946, ҳамон ҷо), актёри советии рус, Артисти Халқии СССР (1936).

Солҳои 1893—96 дар шӯъбаи драмавии Омӯзишгоҳи мусиқӣ драмавии ҷамъиятӣ филармониявии Москва таҳсил намуда, баъди хатми он дар театри Ярославль ва Театри Корши Москва кор кардааст. Аз соли 1898 актёри Театри бадеии Москва (аз 1943 директор). Москва дар ривоҷи анъанаҳои демократӣ, инсонпарваронаи саҳнаи реалистии рус ва танқиди сохти иртиҷоии қаризм ҳиссаи муносиб гузоштааст. Дар давраи то революция як силсила образҳои барҷаста аз қабили Фёдор («Шоҳ Фёдор Иванович»-и  А. К. Толстой), Протасов («Майити зинда»-1 Л. Н. Толстой), Лука («Дар қаър»-и М. Горький), Снегирёв («Бародарон Карамазовҳо»-и Ф. М. Достоевский) ва дигаронро офарнд. Образҳои фаромушнашавандаи Еппходов («Олуболузор»-и А. П. Чехов), Хлынов ва Прибытков («Дили сӯзон» ва «Дурбонии охирин»-и А. Островский), Ноздрев («Йонҳои мурда»-и Н. В. Гоголь), Загорецкин («Дод аз дасти ақл»-и А, С. Грибоедов), Пугачёв, Горностаев («Пугачёвчигӣ» ва «Любовь Яровая»-и К. А. Тренёв), Иван Горлов («Фронт»-и А. Корнейчук), дар эҷодиёти давраи советии Москва мавқеи намоён доранд. Ролҳояш дар кино: Ноликушка («Ноликушка» 1922), Вырин («Баруйхатгирандаи коллеҷ», 1925) ва ғ. Депутати Совети Олии СССР (даъвати 1). Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1943, 1946). Бо 2 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …