Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОЛИКИЯТ

МОЛИКИЯТ

molikiyatМОЛИКИЯТ (ар.— молик будан, соҳибӣ, хуҷаинӣ), шакли ҷамъиятии таърихан мунйяни аз худ кардани исъматҳои моддӣ, ин дар он муносибати байни одамон дар процесси истеҳсолоти ҷамъиятӣ зоҳир мешавад. Моликият дар дохили истеҳсолоти моддӣ ба вуҷуд омада, соҳаҳои тақсимот, мубодила ва истеъмолро дарбар мегирад. Муносибатҳои моликиятдорӣ ба воситаҳои истеҳсолот асоси муносибатҳои истҳссолии одамон мебошанд ва онҳо дар навбати худ тамоми дигар муносибатҳоро муайян мекунанд (ниг. Базис ва надстройка). Моликият вобаста ба дараҷаи инкишофи иқтисодии ҷамъият ва характери мувофиқати қувваи коргарию воситаҳои истеҳсолот ҷамъиятӣ ва хусусӣ мешавад. Муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки ба шакли муайяни моликиятдорӣ асос ёфтааст, бо ҳуқуқи моликиятдорни конкретии таърихӣ ба тартиб дароварда ва дар асоси қонунҳои дахлдори амалии молу мулкдорӣ танзим карда мешавад. Дар давран ҷамоаи ибтидоӣ воситаҳои истеҳсолот ва маҳсули меҳнат Моликияти ҷамоа буд. Моликияти хусусӣ гардидани воситаҳои истеҳсолот ба истисмори одам, тақсими синфии ҷамъят оварда расонд. Дар давраи ғуломдорӣ воситаҳои истеҳсолот ва ғулом Моликияти ғуломдор буд. Дар давраи феодализм Моликияти феодал ба воситаҳои истеҳсолот ва пеш аз ҳама ба замин асоси муносибатҳои истеҳсолиро ташкил медод. Дар баробари Моликияти феодал Моликияти деҳқои ва косиб низ вуҷуд дошт, ки онро олоти истеҳсолот ва хоҷагии хусусӣ ташкил мекард. Дар давраи капитализм Моликияти капиталистӣ ба воситаҳои истеҳсолот ҳукмфармо аст, вале коргари кироя Моликияти капиталист нест. Моликият дар давраи социализм умумихалқӣ (давлатӣ) ва колхозию кооперативӣ мебошад. Дар СССР баробари ғалабаи Револютсияи Октябрь ва барпо шудани диктатураи пролетариат Моликияти капиталистӣ будани воситаҳои истеҳсолот барҳам хурд, воситаҳои истеҳсолот ба Моликияти социалистӣ табдил ёфт. Дар СССР баробари Моликияти ҷамъиятӣ Моликияти шахсии гражданҳо ҳам вуҷуд дорад. Конституцияи СССР ба гражданҳо ҳуқуқ додааст, ки Моликияти шахсии худ (даромад, пасандозҳои меҳнатӣ, асбобу анҷоми рӯзгор ва ашёи истеъмол)-ро дошта бошанд. Дар асоси омезиши ду шакли Моликияти социалистӣ (давлатӣ ва колхозию кооперативӣ) дар рафти сохтмони коммунизм Моликияти ягонаи умумихалқии коммунистӣ ба вуҷуд меояд.

Ад.: Маркс К., Энгельс Ф., Манифест Партиям Коммупистй, Д . 1968; Колесов И. Д . Общественная собственность на средства производства — основное производственное отношение социализма, Л., 1007; Кумаченко Я. С., Превращение социалистической собственности в коммунистическую собственность, М., 1070.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …