Маълумоти охирин

МОЛ

molМОЛ, маҳсули меҳнат, ки барои қонеъ гардондани талаботи инсон, фурӯш ё мубодила истеҳсол карда мешавад. Мол дар истеҳсолоти молӣ вуҷуд дошта, муносибатҳои истеҳсолии молистеҳсолкунандагонро инъикос мекунад.

Дар шароити тақсими ҷамъиятии меҳнат ва мустақилияти истеҳсолкунандагон маҳсули меҳнат ба Молтабдил меёбад, ки ин боиси ба вуҷуд омадани молистеҳсолкунандагон мегардад. Дар формацияҳои токапиталистӣ қисми асосии маҳсулот дар хоҷагии натуралӣ истеҳсол гардида, вале ҳамчун Мол истифода намешуд. Дар давраи капитализм истеҳсолоти молӣ шакли асосии истеҳсолот гардид. Дар ин давра на танҳо маҳсули меҳнат, балки қувваи коргарӣ низ ба Мол табдил ёфт. Мол арзиш ва арзиши истеъмолӣ дорад.

Характери духелаи меҳнат, ки дар Мол таҷассум меёбад, дар шароити хоҷчагии молии хусусӣ зиддияти бай­ни меҳнати хусусӣ ва ҷамъиятии молистеҳсолкунандагон, зиддияти байни арзиши истеъмолӣ ва арзишро инъикос мекунад. Меҳнати молистеҳсолкунанда ҳам конкретӣ ва ҳам абстрактӣ аст. Меҳнити конкретӣ ар­зиши истеъмолӣ, меҳнати абстрактӣ арзиши Молро ба вуҷуд меорад, дар байни онҳо зиддияти дохилӣ мавҷуд аст. Арзиши Мол бо меҳнати зарурии ҷамъиятӣ муайян карда мешавад. Моле, ки дар шароити моликияти ху­сусӣ истеҳсол карда мешавад, тамоми зиддиятҳои истеҳсолоти оддии молиӣ дар давраи капитализм бошад, истеҳсолоти молии капиталистиро таҷассум менамояд. Моликияти ху­сусӣ истеҳсоли маҳсулотро ба кори шахсии ҳар як соҳибкор табдил до­да, молистеҳсолкунандагонро ҷудо мекунад, вале тақсими ҷамъиятии меҳнат ба моликияти хусусӣ харак­тери ҷамъиятӣ медиҳад. Зиддияти байни меҳнати хусусӣ ва ҷамъиятӣ дар зиддияти байни меҳнати конкре­тӣ ва абстрактӣ, арзиши истеъмолию арзиш зуҳур меёбад. Дар шаро­ити ҳукмронии моликияти хусусии капиталистӣ ба воситаҳои истеҳсо­лот зиддияти он дар душвории фу­рӯш, бӯҳронҳои барзиёд истеҳсол, дар муборизаи рақобатӣ, ки боиси хонахаробшавии истеҳсолкунандагони майда ва бойшавии моликиятдорони калон ва монополияҳо меша­вад, дар тезутунд шудани зиддиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ зоҳир мегардад. Истеҳсолоти молӣ дар дав­раи социализм низ вуҷуд дорад. Мол дар ҷамъияти социалистӣ низ арзиши истеъмолӣ ва арзиш дорад ва хусусияти духелаи он маҳз дар ҳамин аст. Дар давраи социализм Мол маҳсули капитал нест ва барои мубодилаи стихиявӣ пешбинӣ нашудааст. Мол дар давраи социализм мувофиқи план ва бо меҳнати коллективона барои қонеъ гардонидани талаботи ҷамъият истеҳсол карда ме­шавад. Мол дар давраи социализм ха­рактери ҷамъиятӣ дорад. Аз ин рӯ талаботи ба Мол доштаи ҷамъият ба молистеҳсолкунанда то фурӯши маҳсу­лот маълум аст, чунки иқтисодиёти социалистӣ ба моликияти ҷамъиятӣ асос ёфта, мувофиқи план тараққӣ мекунад. Фурӯши Мол дар давраи социализм зарурати Молро дар ҷамъи­ят нишон медиҳад, яъне меҳнат, ки барои истеҳсоли маҳсулот сарф ме­шавад, на танҳо меҳнати конкретӣ, балки меҳнати абстрактӣ, ҷамъиятӣ низ мебошад. Меҳнати абстрактӣ арзиши Молро ба вуҷуд меоварад, ки он дар давраи социализм асоси мубодилаи маҳсулоти байни корхонаҳои социалисте, аз давлат харидани Мол ва ғ-ро ташкил медиҳад. Дар ҷамъияти социалистӣ зиддияти байни арзиши истеъмолӣ ва арзиш характери антогонистӣ надорад. Сабабҳои ин зиддият дар он аст, ки дар планҳои истеҳсолӣ талаботи ҷамъият ба Мол на ҳама вақт аниқ ва пурра ба ҳисоб гирифта мешаванд, корхонаҳо талаби истеъмолкунандагонро қонеъ намегардонанд, маҳсулоти сифатан паст истеҳсол мекунанд ва ғ. Азбаски барои истеҳсоли Мол меҳнатӣ ҳам конкретӣ аз ҳам абстрактӣ сарф мешавад, зиддияти байни арзиши истеъмолӣ ва арзиши Мол антаголистӣ набуда, бо муайян кардани таносубҳои дурусти истеҳсол ва фурӯши маҳсулот дар ифодаи натуравӣ ва ҳам арзишӣ ҳал карда мешавад. Барои осонтар ва пурра қонеъ гардонидани талаботи моддию мадании меҳнаткашои сифати маҳсулот аҳамияти калон дорад ва роли арзиши истеъмолии Мол бештар меафзояд. Дар давраи коммунизм Мол ҳамчун категория аз байн меравад.

Ад.: Маркс К., Капитал, т. 1—-3,

М , 1955; Ленин В. И., Дар бораи масъала» бозорҳо. Ас., ч. Г, Таранки и капитализм дар Россия, Ас., ҷ. 3, Карл Маркс, Ас.. Ч. 21; ҳамон муалл, На­каз за СТО (Совети меҳнат ва мудофиа) ба муассисаҳои маҳаллии советӣ, Ас., Ч. 32.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …