Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МОГИЛЕВ

МОГИЛЕВ

mogilevvМОГИЛЕВ, вилоят дар ҳайати РССБ. 15 январи, 1938 ташкил шудааст. Масоҳаташ 29,0 ҳазор км3. Аҳолиаш 1254 ҳазор нафар (1980), асосан белорусҳо, инчунин русҳо, яҳудиҳо, украинҳо, полякҳо. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км3 43,1 нафар. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 20 район тақсим шуда, 13 шаҳр, 7 птш, 4 посёлкаи коргарӣ дорад. Шаҳрҳои калон Могилёв, Бобруйск, Кричев, Горки, Осиповичу. Марказаш ш. Могилёв. Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1967).

Сатҳаш бештар ҳамвор (баландиаш 150—200 м). Дар Шим. ҳамвориҳои Оршанску Могилёв ва Березинаи Марказӣ воқеанд. Теппаҳои ба­ланди меросӣ низ дорад. Сарватҳои зернзаминӣ: торф ва масолеҳи гуногуни бинокорӣ (гаҷ, гил, per ва ғ.), фосфорит. Оби минералӣ (дар шаҳрҳои Бобруйск, Могилёв). Иқлимаш континентии мӯътадил. Ҳарорати миё­наи январ дар Ҷ Ғ.—6,6е С, дар Шим. Ш.— 8,2° С, июль мувофиқан 17,8— 18,8* С. Миқдори боришоти солона 585—644 мм. Дарьёҳои калон: Днепр, Сож, Проней, Березина бо шохобҳояш Друть, Свислочь ва ғ. Кӯлҳои ка­лон: Выгода, Черное, Неропля. Хокаш чимтоли хокистарӣ, чимтоли хокистарии ботлоқӣ, аллювиалӣ, чимтол ва чимтоли карбонатӣ, регӣ, 34% терр. вилоят бешазори анбӯҳ аст. Дар 60% терр. Могилёв дарахтони сӯзанбарг, тӯс, роздор, баргларзон, бу­лут ва ғ. мерӯянд. Дар дарьёбоди Днепр, Соме, Березина гиёҳҳои хушадори гуногун месабзанд. 7,6% терр. Могилёв ботлоқзор аст (бештар дар pайони Березинаи Марказӣ). Санҷобу савсор, хаз, кӯрмуш, харгӯш ва ғ. аҳамияти хоҷагӣ доранд. Гавазну хонгул, гуроз, гург, силовсин, сагобӣ, норка ва ғ. низ мавҷуданд. Қа­риб 200 навъи парранда, аз ҷумла мурғи чипори ҷангалӣ, мурғи даштӣ, мурғобӣ ва ғ. ҳастанд. Зиёда аз 20 хели моҳӣ (симмоҳӣ, хормоҳӣ, милит ва ғ.) ҳаст.

Соҳаҳои асосии саноат: мошинсозӣ ва коркарди металл ва чӯб, саноати химия, сабук ва хӯрокворӣ. Корхонаҳои калони мошинсозӣ ва коркарди металл, автомобилсозии ба номи Киров, заводҳои «Строммашина», «Электродвигатель», лифтсозӣ ва ғ. (дар ш. Могилёв). Заводҳои мошинсо­зӣ, мошинҳои хоҷагии қишлоқ «Сельхозагрегат», таъмири киштиҳо (ш. Бобруйск).

Вилоят 13% чӯби РССБ-ро тайёр мекунад. Маркази саноати чӯбгарӣ ва истеҳсоли фанер дар шаҳри Боб­руйск воқест. Саноати масолеҳи бинокорӣ низ тараққӣ кардааст. Корхонаҳои он: комбинатҳои цементу ши­фер (ш. Кричев), оҳаку хишт (ш. Климовичи), масолеҳи силикатӣ (ш. Могилёв), заводҳои шиша (пос. Елизово, Глуша). Соҳаҳои саноати сабук: шоҳибофию дӯзандагӣ, бофандагӣ ва чарм. 11 заводи калони картон (ш. Шилов), комбинатҳои шоҳибофӣ, чарм (шаҳрҳои Могилёв, Бобруйск) ва ғ.ҳастанд. Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ: комбинатҳои гӯшт (шаҳрҳои Моги­лёв, Бобруйск, Осиповичи), заводҳои спирт ва пиво (ш. Могилёв, Кричев),2 заводу 14 комбинати нон ва ғ. Манбаи қувваи электр — ТЭҶ-и калон (шаҳрҳои Могилёв, Бобруйск, Кричев) ва ГЭС-и Осиповичи. Соҳаҳои асосии хоҷагии қишлоқ— зироаткорию чорводорӣ. Ҷавдор, нав, гандум, сулӣ, марҷумак, лубиёгӣ, зағир мекоранд. Картошкаю сабзавоткорӣ, боғдорӣ инкишоф ёфтааст. Вилоят ба парвариши чорвои гӯшту ширдеҳ машғул аст. Хоҷагиҳoи Могилёв соли 1977 923,1 ҳазор чорвои ка­лони шохдор (ба ҳисоби cap), 621,9 ҳазор хук, 65,4 ҳазор бузу гӯсфанд, 27 фермаи паррандапарварӣ доштанд. Тӯли роҳи оҳан 806 км (1977). Хатҳои асо­сии роҳи оҳан Ленинград—Одесса, Орша— Унеча, Бахмач—Бобруйск, Минск— Вильнюс, Кричев—Могилёв—Осиповичи—Барановичи. Узелҳои муҳимми роҳи оҳан Могилёв, Бобруйск, Осиповичи, Кричев. Дарёҳои Днепр, Березина, Сож киштигарданд.

Солҳои таҳсили 1976/77 вилоят 1278 мактаби маълумоти умумӣ, 27 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ,-17 макта­би миёнаи махсус, 4 мактаби олӣ (институтҳои мошинсозӣ, технологӣ ва педагогии Могилёв, Академияи хоҷагии қишлоқи Белоруссия дар ш. Горки) дошт. Соли 1977 дар вилоят 948 китобхонаи оммавӣ, 7 музей, 3 театр буд. Дар 126 муассисаи табобатӣ 3,2 ҳазор нафар духтур (1 духтур ба 393 нафар аҳолӣ) хизмат мекарданд.

Газетаи вилоятии «Могилёуская паруда» («Ҳақиқати Могилёв») аз соли 1918 ба забони белорусӣ нашр ме­шавад.

 

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …