Маълумоти охирин

МИС

nophoto-manМИС (Mies) Герберт (таваллуд 23. 2. 1029, Мангейм, ҳозира РФГ), раиси Партияи Коммунистии Германия (ПКГ). Аз оилаи коргар. Якчанд сол дар заводҳои «Броун, Бовери унд К0» дар Мангейм кор кард. Соли 1945 ба ПКГ дохил шуд. Дар ҳаракати ҷаво­нон фаъолона иштирок кард, аъзои Бюрои марказии Иттифоқи ҷавонони озоди немис буд. Соли 1954 дар съезди ПКГ дар Гамбург аъзои Правленияи партия интихоб гардид. Баъди манъи ПКГ (1956) фаъолияти сиёсӣ ва публицистиашро давом дод. Соли 1968 аъзои Комитети федералии оид ба ташкили ПКГ. Дар съезди ПКГ дар Эссен (апрели 1969) аъзои Президиуми Правления ва ҷонишини раиси ПКГ интихоб шуд. Аз ноябри 1971 ба Котиботи Правления низ роҳбарӣ на­муд. Дар съезди ПКГ дар Гамбург (ноябри 1973) Раиси ПКГ интихоб гардид.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …