Маълумоти охирин

МИНЕТУР

miniaturaМИНЕТУР, миниатюра (аз лот. minium — киноварь, ранги хоси сурх), асарҳои нафиси санъати тасвирие, ки ҳаҷман хурд буда, усули хоси нигориш доранд; асосан суратҳои барои дастхатҳо эҷодшуда, ин­чунин лавҳаҳои алоҳидаи тасвири табиат, нигоришоти графикӣ, порт­рет ва суратҳои хурди бо мино, рангҳои обӣ ва ғ. офаридашуда. Санъати Минетур ва ороиши китоб аз давраҳои қадим маълум буд. Дар Мисри Қадим, Юнон, Эрон ва Осиёи Ми­ёна асарҳоро бо Минетур оро медоданд. Минетури китобӣ дар Византия, Европа, Руси Қадим, Арманистон, Гурҷистон, алалхусус дар мамлакатҳои Шарки Наздик ва Миёна инкишоф ёфт. Аввалин китобҳои минётурдори Шарқи асримиёнагӣ ва тарҷумаҳои арабии рисолаҳои юнонӣ оид ба тиб, физика, астрономия ва ғ. буданд. Баъдтар «Нуҷум», тамсилҳои «Калила ва Димна», асарҳои «Таърихи Табарӣ», «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Рашидуддин, «Зафарнома»-и Шарафуддин Алии Яздӣ ва ғ. бо Минетур оро дода шуданд. Махсусан офаридани Минетур дар асоси сюжети асарҳои манзум, монаиди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Хамса»-и Низомӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ, Навоӣ, «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, достонҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ, девонҳои Ҳофизи Шерозӣ, Хоҷаи Кирмонӣ, Аттор, Орифӣ ва диг. хеле ривоҷ ёфт. Ин асарҳо барои Минетур сюжет ва материалҳои фаровон дода, дар ташаккулу такомули композицияи Минетур ва пайдоиши услубу равияҳои гуногуни минётурнигорӣ роли калон бозиданд. Дар ҷараёни инкишофи Минетур доираи мавзуоти он доманадор шуда, тасвири саҳнаҳои рамзӣ, ҷанги тан ба тан, лаҳзаҳои шикор, мулоқоти ошиқон, маросимҳои қабул, базм ва ғ. мавриди тасвир қарор гирифт. Маҳорати манзаранигорӣ ва портреткашин минётурнигорон афзуд, усул ва воситаҳои ифодаи Минетур такмил ёфт, мушоҳидаҳои ҳаётӣ дар тасвир мақоми муайяне пайдо кард. Офаридани Минетур кори заҳматталаб буд. Аввал дар рӯи коғаз тарҳи Минетурро (бо об) мекашиданд. Баъди хушкидани об изи онро бо хати сурх ё сиёҳ аёнтар мекарданд. Сипас ба парак омехтаи оҳар ва сафедии тухм молида, баъди хушкидан, онро бо булур ё ақиқи сӯхта сайқал медоданд. Дар варақи пардозёфта рангҳои асилро ба кор мебурданд: аввал ҳамаи ҷузъҳои бо як ранг ифодашавандаро кашида, баъди хушкидани он ба истифодаи ранги дигар мепардохтанд. Дар таърихи Минетур номи бисёр мусаввирони барҷаста, монанди Абдулҳайё Ҷунайд Султонӣ (асри 14), Камолуддини Беҳзод (асри 15), Султонмуҳаммад, Маҳмуди Музаҳҳиб, Абдуллоҳи Мусаввир (асри 16), Муҳаммадмуроди Самарқандӣ, Ризои Аббосӣ (асри 17) ва диг. мақоми махсус дорад. Калонтарин марказҳои мадании Минетурнигории Шарқи Наздик ва Миёна Бағдод, Табрез, Шероз, Са­марқанд, Ҳирот, Бухоро, Машҳад, Ҷазвин, Исфаҳон ба шумор мерафтанд. Дар ин шаҳрҳо равияву сабкҳои хоси санъати Минетурнигорӣ шакл гирифта, бо комёбию бозёфтҳои эҷодиашон ҳамдигарро ғанитар мегардонанд. Бо мурури замон вобаста ба ин ё он воқеаҳои таърихӣ як маркази маданӣ моҳияти худро аз даст дода, дигаре рӯ ба инкишоф мениҳод. Намунаҳои нисбатан қадимтари Минетури асримиёнагӣ аввал дар мамлакатҳои Шарқи Араб пайдо шу­да, боиси ташаккули мактаби мине­тури Бағдод (гулгулшукуфиаш асрҳои 12—13) гардид. Дар асри 14 Мак­таби минетури Табрез рӯ ба инкишоф ниҳод. Давраи авҷи санъати Минетур асосан ба асрҳои 15—17 рост меояд, ки дар инкишофи он Мактаби минётури Ҳирот ва алалхусус намояндаи барҷастаи ин мактаб Беҳзод роли калон бозидааст. Дар ин давра як қатор мактабҳо, аз ҷумла Мактаби минётури Бухоро, Мактаби минётури Исфаҳон, Мактаби минётури Мовароуннаҳр, Мактаби минё­тури Шероз, Мактаби минётури Темуриёни Ҳинд бо сабку усули хоси худ пайдо шуданд. Осори нодиру бебаҳои ин мактабҳо дар музей ва китоохонаҳои Лондон, Париж, Нью- Йорк, Вена, Техрон, Қоҳира, Истамбул, инчунин Ленинград, Москва, Тошкент, Душанбе, Боку маҳфузанд. Аз асри 18 cap карда бо Минетур оро додани дастхатҳо тадриҷан аз байн рафт ва ҷои онро портрету мусаввараҳои алоҳидаи ба мавзӯъҳои ҳаётӣ бахшидашуда ишғол кард.

Тасвир дар саҳ. 398. 400—401.

М. Ашрафӣ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …