Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МИКРОНЕЗИЯ

МИКРОНЕЗИЯ

mikroneziyaМИКРОНЕЗИЯ (аз микро… ва юн. nesоs — ҷазира), гурӯҳи ҷазираҳои хурд дар Уқёнусия, дар қисми ғарбии уқёнуси Ором, асосан дар шим. экватор. Ба ин гурӯҳ ҷазираҳои Мариана, ҷазираҳои Каролина ва ҷазираҳои Мар­шалл (васояти ШМА), ҷазираҳои Гил­берт ва ҷаз. Ошен (инҳо мулки Британияи Кабиранд), Науру (давлати мустақил аз 1968) ва ғ. (ҳамагӣ қа­риб 1500 ҳазор) дохил мешаванд. Масоҳаташ 2622 км2. Аҳолиаш зиёда аз 250 ҳазор нафар (1970). Аҳолии маҳаллии Микронезия— микронезиҳо (бештар аз 200 ҳазор нафар, 1970). Дар Микронезия инчунин америкоиҳо, англисҳо, филиппиниҳо, хитоиҳо зиндагӣ мекунанд. Қисми асосии ҷазираҳо атоллҳои марҷонӣ буда, қисми боқимондаи онҳо дар натиҷаи оташфишонии вулқонҳо ба вуҷуд омадаанд; ҷаз. калонтарминаш — Гуам (мулки ШМА). Дар ҷазираҳои Мариана вулқонҳои амалкунанда мавҷуданд. Иқлими Микронезия экваторӣ ва субэкваторӣ. Ҳарор, миёнаи моҳона аз 26 то 28° С. Боришоти со­лона 2000—6000 мм. Дар атрофи ҷазираҳои Каролина аз циклонҳои тропи­кӣ зуд-зуд тӯфонҳои сахт ба амал меоянд. Ҷазираҳои вулқониро бешаҳои ҳамешасабзи тропикӣ пӯшидаанд, ҷо-ҷо саваннаҳо вомехӯранд. Дар Микронезия ҳайвонҳои калони ширхӯр нестанд. Бештар калламуш, куршабпарак, мору калтакалос ва паррандаҳои баҳрӣ дучор меоянд. Машғулияти асосии аҳолии маҳаллӣ — моҳидорӣ ва парвариши дарахтони нахл, ба­нан, растаниҳои цитрусӣ, найшакар ва шоликорӣ. Дар ҷазираҳои Каролина конҳои боксит ва фосфорит ҳастанд. Дар баъзе ҷазираҳои Микронезия базаҳои ҳарбии баҳрӣ ва ҳавоии ШМА ва Британияи Кабир ҷойгиранд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …