Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИКОЯН Анастас Иванович

МИКОЯН Анастас Иванович

mikoyanМИКОЯН Анастас Иванович (25. 11. 1895, деҳаи Санаин, ҳозира райони Туманян, РСС Арм.— 21. 10. 1978, Москва), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, Қаҳрамони Меҳнати К Социалистӣ (1943). Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1915. Семинарияи динии Тбилисиро хатм намуд. Солҳои 1917—18 дар Тби­лиси, Эчмиадзин, Боку ба корҳои партиявӣ роҳбарӣ мекард ва муҳаррири г. «Социал-демокрт», «Известия Бакинского Совета» буд Марти 1918 дар пахш кардани исёни контрреволюционии мусовотчиён иштирок кард. Солҳои 1919—20 ба ташкилоти пинҳонкории партиявӣ роҳбарӣ кард, 1920—22 дар корхои роҳбарикунандаи партия дар Нижный Новгород, 1922—24 котиби бюрои Ҷанубу Шарқи КМ РКП (б) дар Ростови Дон, 1924—26 котиби Комитети партиявии кишв. Кавкази Шимолӣ, аъзои Совети ҳарбию революционии округи ҳарбии Кавкази Шимолӣ, 1926—30 комиссари халқии савдои берунӣ ва дохилии СССР, 1930—34 комиюсари халқии таъминоти СССР, 1934—38 комиссари халқии саноати хӯроквории СССР, 1937—46 ҷонишини Раиси СКХ СССР, 1941—46 аъзои Бюрои СКХ СССР, дар айни замон 1938—46 ко­миссари халқии савдои берунӣ. Соли 1941 раиси Комитети таъминоти озуқа ва лавозимоти Армияи Сурх; 1942—45 аъзои Комитети Давлатии Мудофиа, 1946—55 ҷонишин, 1955— 64 ҷонишини якуми Раиси Совети Вазирони СССР. Дар айни замон солҳои 1946—49 вазири савдои берунии СССР, 1953—55 вазири савдои СССР, 1964—65 Раиси Президиуми Совети Олии СССР, 1965—74 аъзои Президиуми Совети Олии СССР. Вакили съездҳои 10—24-уми партия; дар Съезди 11-ум (19221 ном зад, дар Съезди 12-ум (1923) аъзои КМ пар­тия интихоб гардид. Аз соли 1926 номзад ба аъзоии Бюрои Сиёсии КМ ВКП (б), аз 1935 аъзои Бюрои Сиёсии КМ ВКП (б), 1952—66 аъзои Президиуми КМ КПСС. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 1— 8). Муаллифи бисёр асарҳо оид ба масъалаҳои иқтисодиёти советӣ ва таърихи партия. Бо 6 ордени Ленин ордени Революцияи Октябрь, ордени Байрақи Сурх ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ао.: Мысли и воспоминания о Лени­не, М., 1970; Дорогой борьбы, кн. 1, м 1971.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …