Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТОДИ МУҚОИСАВӢ-ТАЪРИХӢ

МЕТОДИ МУҚОИСАВӢ-ТАЪРИХӢ

МЕТОДИ МУҚОИСАВӢ-ТАЪРИХӢ дар забоншиносӣ, системаи усулҳои тадқиқотӣ, ки бо мақсади муқаррар намудани қаробати забонҳо ва инкишофи забонҳои хеш истифода мешаванд. М. м.-т. ҳамчун яке аз тарзҳои тадқиқи забон с-ҳои 20 асри 19 аз тарафи забоншиносони немис Ф. Бопп (1791-1867), Я. Гримм (1785—1863), олими даниягӣ Р. Раск (1787—1832) ва забоншиноси рус А. X. Востоков (1781 — 1864) ба миён гузошта шуд. Аз он 4,0 М. м.-т. гӯянд, ки забонҳо аз ду нуқтаи назар — инкишофи таърихӣ ва вазъияти ҳозираашон муқоиса мешаванд. Мақсади М. м.-т. аз ошкор сохтани сабабҳои тағйироти забонҳои хеш иборат аст (ниг. Оилаи забонҳо). Яке аз масъалаҳои муҳим дар М. м.-т. муайян намудани қаробати забонҳост. Барои ҳалли ин масъала методикаи қавие таҳия шудааст, ки ба воситаи он хешӣ ё бегонагии забонҳоро муайян кардан мумкин аст. Гоҳо, зоҳиран забонҳои хеш нисбат ба забонҳои бегона бештар фарқ мекунанд. Мас., забони тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ нисбат ба забони русӣ бештар наздикӣ дорад. Дар лексикаи забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ миқдори калимаҳои умумии иқтибосӣ хеле зиёд аст. Вале дар асл забони тоҷикӣ таърихан ба забони русӣ хеш аст. Зеро забони ӯзбекӣ ба оилаи забонҳои туркӣ ва забони тоҷикӣ ба оилаи забонҳои ҳиндуевропоӣ, ки забони русӣ низ ба он мансуб аст, дохил мешавад. Дар ин бора сохти қадимии ин забонҳо, ки онро ба воситаи М. м.-т. барқарор намудан мумкин аст, гувоҳӣ медиҳад. Дар забони русӣ ва тоҷикӣ, чун забонҳои дигари ҳиндуевропоӣ калимаҳое маҳфузанд, ки аз забони мабдаъ боқӣ мондаанд. Мас., русӣ — мать, тоҷ. модар, нем. mutter, англ. mather, лот. mater; русй — брат, нем. bruder, англ. brather, лот. brater, тоҷ. бародар ва ғ. М. м.-т. барои муайян намудани вазъияти таърихии забонҳои давраҳои қадим, ки осоре аз он давраҳо боқӣ намондааст, имкон хоҳад дод. Бо ин мақсад хусусияти забони барқароршаванда ба воситаи омилҳои забонҳои ба он хеш тафсир карда мешаванд. Агар микқдори зиёди ёдгориҳои қадимӣ мавҷуд бошад (аз ҷумла дар мавриди забонҳои романӣ ва германӣ), барои татбики М. м.-т. шароити қулай фароҳам меояд. Ин методро доир ба забонҳое, ки осори хаттӣ надоранд, вале забонҳои ба онҳо хеш, ки соҳиби чунин осоранд, низ татбиқ намудан мумкнн аст. Мас., хусусиятҳои забонҳои помириро бо ёрии М. м.-т. тафсир карда, вазъияти таърихии онҳоро барқарор кардан мумкин мешавад. Зеро дар бораи забонҳои ҳозираи бо ҳам наздики эронӣ (пушту, осетина, тоҷикӣ, форсӣ) ва забонҳои қадими эронӣ (авестоӣ, форсии миёна) маълумот мавҷуд аст. М. м.-т. чанде аз масъалаҳои мураккаби забонӣ, аз қабили инкишофи таърихии забонҳо ва тағйироти онҳо, таъмин кардани структураи забонро ҳал менамояд.

Ад.: Мейе А., Введение в сравнительное изучение индоевропейских языков, М.— Л.. 1038; Вопросы методики сравнительно-исторического изучении индоевропейских языков, М., 1956; Амирова Т. А., Ольховников в. А Рождественский Ю. В., Очерки по истории лингвистики. М., 1975.

А. Л. Горбачевский.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …