Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕЛЁНТЬЕВ

МЕЛЁНТЬЕВ

melentevМЕЛЁНТЬЕВ Лев Александрович (таваллуд 22. 12. 1908, Петербург), олими советӣ дар соҳаи энергетика, акад. АФ СССР (1966; аъзо-юорр. 1960). Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1969). Аъзои КПСС аз соли 1947. Пас аз хатми Ин­ститути политехникии Ленинград (1930) дар корҳои инженерӣ ва муаллимӣ (солҳои 1945—60 мудири кафедра, 1945—51 муовини директори Институти инжеиерӣ-иқтисодии Ленинград) буд. Солҳои 1942—60 ходими калони илмии Институти энергетикаи АФ СССР, 1960—65 Раиси Президиуми филиали дар Сибири Шарқӣ будаи Шӯъбаи сибирии АФ СССР, 1961—66 аъзои Президиуми Шӯъбаи сибирии АФ СССР, аз соли 1960 директори Институти энергетикаи Сибири Шӯъбаи сиби­рии АФ СССР, аз соли 1973 шоири шӯъ­баи Институти ҳароратҳои баланди АФ СССР, аз 1965 муовини акад.-котиби Шӯъбаи проблемаҳои физики-техникии энергетикаи АФ СССР. Корҳои илмии Мелёнтев асосан коркарди асосҳои назариявӣ ва методҳои мӯътадилгардонии структураи хоҷагии сӯзишворию энергетика, татбиқи методҳои математикӣ дар мӯътадилгардонии инкишофи системаҳои азими энергетикӣ ва ғ-ро дар бар мегиранд. Як силсила корҳои илмии Мелёнтев ба тараққиёти стансияҳои электрии ҳароратӣ ва проблемаҳои гармкунӣ оиданд. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 6 ва 8). Бо 3 ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медальҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …