Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕЛЁНТЬЕВ

МЕЛЁНТЬЕВ

melentevМЕЛЁНТЬЕВ Лев Александрович (таваллуд 22. 12. 1908, Петербург), олими совети дар сохаи энергетика, акад. АФ СССР (1966; аъзо-юорр. 1960). Кахрамони Мехнати Социалисти (1969). Аъзои КПСС аз соли 1947. Пас аз хатми Ин­ститути политехникии Ленинград (1930) дар корхои инженери ва муаллими (солхои 1945—60 мудири кафедра, 1945—51 муовини директори Институти инжеиери-иктисодии Ленинград) буд. Солхои 1942—60 ходими калони илмии Институти энергетикаи АФ СССР, 1960—65 Раиси Президиуми филиали дар Сибири Шарки будаи Шуъбаи сибирии АФ СССР, 1961—66 аъзои Президиуми Шуъбаи сибирии АФ СССР, аз соли 1960 директори Институти энергетикаи Сибири Шуъбаи сиби­рии АФ СССР, аз соли 1973 шоири шуъ­баи Институти хароратхои баланди АФ СССР, аз 1965 муовини акад.-котиби Шуъбаи проблемахои физики-техникии энергетикаи АФ СССР. Корхои илмии Мелёнтев асосан коркарди асосхои назарияви ва методхои муътадилгардонии структураи хочагии сузишворию энергетика, татбики методхои математики дар муътадилгардонии инкишофи системахои азими энергетики ва г-ро дар бар мегиранд. Як силсила корхои илмии Мелёнтев ба тараккиёти стансияхои электрии харорати ва проблемахои гармкуни оиданд. Депутати Совети Олии СССР (даъватхои 6 ва 8). Бо 3 ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медальхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …