Маълумоти охирин
Главная / Биология / МЕДУЗАҲО

МЕДУЗАҲО

meduzahoМЕДУЗАҲО, насли ҷинсии асосан рудаковокҳои баҳрӣ. Аз полипҳо (насли ғайриҷинсӣ) бо роҳи муғчабандӣ ба вуҷуд меоянд. Медузаҳо ба сцифоидҳо (решадахонҳо, сцифомедузаҳо, аурелия) ва бисьёрии гидрондҳо (ғайр аз гидра ва баъзе лептолидҳо) хобанд. Медузаҳо одатан шакли, чатр ё зангӯла (диаметрашон аз якчанд мм то 2,3 м) дошта, аз моддаи ғализи нимшаффоф (мезоглея) иборатанд. Дар канори танаи онҳо мижгонакҳо ва аъзои ҳис ҷойгиранд. Сӯрохии даҳон дар мобайни тарафи поёни чатр воқеъ буда, баъзан бо парраҳои даҳон иҳота мешавад. Бордоршавӣ берун аз организм (дар об) ё дар организм ба амал меояд. Медузаҳо ба таври реактивӣ (обро аз холигии чатр тела дода) ҳаракат мекунанд. Хӯроки Медузаҳо планктон мебошад

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …