Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Маданияти Ашел

Маданияти Ашел

МАДАНИЯТИ АШЕЛ (Acheulean) –  маданияти археологии палеолити қадим, давоми маданияти шелл аст. Аз номи ёдгориҳои мавзеи Сент-Ашёл, шимоли Франция гирифта шудааст. Дар тамоми Африка, Аврупои Ҷанубӣ ва Осиё паҳн шудааст. Маданияти Ашел 400—100 ҳазор сол муқаддам мавҷуд буд. Ба Маданияти Ашел теша, табарҳои оддии сангӣ, инчунин нуклеусҳо хосанд.

Санги шикори

Боқимондаҳои устухони одамони давраи ашел, ки ба питекантроп ва синантроп шабоҳат доранд, аз Алҷазоир ва Марокаш, боқимондаҳои устухони одамонн давраи ашели неандерталшакл дар Англия ёфт шудаанд. Одамони Маданияти Ашел дар ғорҳо ва берун аз он зиндагӣ карда, аз оташ истифода мебурданд. Бо шикор ва ҷамъоварии меваҷоту решаҳо машғул буданд.

Маданияи Ашел

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …