Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ЧИТА

Вилояти ЧИТА

chita-province

ЧИТА вилоятест дар РСФСР. 26 сент. 1937 таъсис ёфтааст. Ба ҳайати вилоят Округи автономии Бурятҳои Ага дохил мешавад. Масоҳ. 431,5 ҳаз. км2. Аҳолиаш 1315 ҳаз. наф. (1984), аҳолии шаҳрӣ 64%. 31 район, 10 шаҳр ва 45 птш дорад. Mapказаш ш. Чита. Рельефаш асосан аз кӯҳҳои баландиашон миёна (600— 700 м) иборат аст. Ҳарор. миёнаи янв. аз —33 то —26°С, июль 17— 2ГС. Боришоти солона 240—400 мм. Қисми шарқӣ ва ҷан. шарқи вилоят дар ҳавзаи д-и Амур (бо Шилка ва Аргунь) воқест; дар шимол д-ҳои Витим ва Олёкма мавҷуданд. Беш аз 60% ҳудуди вилоят бешазор аст. Маъдани металлҳои ранга ва ангишт истихроҷ мекунанд. Мошинсозӣ, металлургияи сиёҳ, саноати ҷангал, хӯрокворӣ, саноати сабук ривоҷ ёфтааст. Гандум, ҷав, сулӣ, марҷумак, картошка, сабзавот ва зироати хӯроки чорво мекоранд. Асосан гӯсфанд ва гов мепарваранд. Дар шимоли вилоят бо гавазнпарварӣ ва шикори ҳайвони мӯинадор машғуланд. Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1957).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …