Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ЧАҲОРБОҒИ ГУЛҲО»

«ЧАҲОРБОҒИ ГУЛҲО»

«ЧАҲОРБОҒИ ГУЛҲО»  асари Мудаммадобид ибни Мудам-ъмадодили Бухороӣ дар боби табиатшиносист, ки с. 1851 ба заболи тоҷикӣ таълиф шудааст. Он оид ба як қатор набототу ҳайвоноти нисбатан маъмули Осиёи Миёна маълумот медиҳад.

«Чаҳорбоғи гулҳо» аз 4 фасл иборат аст. Дар фасли 1-ум анвои гул ва раёҳин, дар фасли 2-юм дарахтони мева (тут, зардолу, ток, анҷир, анор), дар фасли       3-юм зироати ғалладона, харбуза, ғӯза (пахта) ва ғ., дар фасли 4-ум мурғу ҳайвоноти хонагӣ (гов, хар ва ғ.) тафсир ёфтаанд.

Муаллиф дар дебочаи асар роҷеъ ба манфиати табиат сухан ронда, мардумро ба сайри табиат даъват мекунад. Фасли аввали рисола назар ба дигар фаслҳо ҳаҷман калон аст. Муаллиф дар он оид ба бисёр навъҳои гул (наргис, лола, гули чинӣ, ҳусниюсуф, ҳамешабаҳор, чечак, довудӣ, гули қошғарӣ, савсан, хайрӣ, нозбӯй, ҳино, гули ҳаё, бунафша, себарга, лолахитоӣ, гули чанбар, гули тугма, бахмалӣ, ҷаъфарӣ, тоҷи хурӯс, зулфи хубон, ҳафтранг, гули остин, ошиқи печон, ошиқи мискин, раъно, гули зебо, гули сурхи садбарг, гули гулобӣ, гули сафед, арғувонӣ…) ва парвариши онҳо мулоҳиза ва таҷрибаҳои шахсиашро баён кардааст. «Чаҳорбоғи гулҳо» бо тавсифи гули наргис оғоз меёбад. Онро муаллиф яке аз гулҳои аввали баҳор медонад. Гули раъноро хушрангу бӯй хондааст. Дар «Чаҳорбоғи гулҳо» муаллиф дар хусуси парвариши бисёр гулҳои хонагӣ низ маълумот медиҳад. Муҳаммадобид ҳангоми шарҳи ин ё он гул аз як то панҷ рубоӣ овардааст.

«Чаҳорбоғи гулҳо» ба забони оммафаҳм ва фасеҳи иншо шудааст. Он намунаи хуби насри финнии нимаи дуюми а. 19 низ мебошад.      М. Олимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …