Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики (страница 2)

Без рубрики

АБЛЯТСИЯ

abilatciya

АБЛЯТСИЯ (лотинӣ ablatio – рабудан, камшавӣ) ва ду маъно дорад: 1)дар техника қисман нест кардани массаи сатҳи ҷисми сахт бо ҷараёни газҳои гарме, ки ин сатҳро шорида мегузаранд. Аблятсия дар натиҷаи эрозия, гудозиш ва сублиматсия ба амал меояд. Дар вақти бо суръати ба­ланд ҳаракат намудани шиҳобҳо ва аппаратҳои париши кайҳонӣ …

Муфассал »

Абдусаттори Абдуҷаббор

Абдусаттори Абдуҷаббор

АБДУСАТТОРИ АБДУҶАББОР (Ҷабборов), (таваллуд 24. 2. 1948, Панҷакент), арбоби давлатӣ, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (2001), профессор (2008), академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (2011), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998). Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1976) ва Мактаби олии Ҳизбии коммунистӣ дар шаҳри Тошкент (1986). Сармуҳандиси идораи кишоварзӣ (1974 – 75), …

Муфассал »

Меҳри Ватан

Ба рохи Ватан чон фидо мекунем, Ватан хар чй гуяд, адо мекунем. Ватан, зодгох, калимаи зебо ва хучастае аст, ки бо шуниданаш хонаву дар, гахвора ва модар пеши назар меояд. Педагоги машхур Сухомлинский В.А. мазмуни мафхуми «Ватан»-ро одилона ба мафхумхои «Инсон», «Маънои зиндагй», «Мехнат», «Карз», «Оила», «Забони модарй», «Мухити табиат», …

Муфассал »

АБРАМОВ Павел Дементевич

АБРАМОВ Павел Дементевич

АБРАМОВ Павел Дементевич (1911, вилояти Волгогради Федератсияи Россия – 1968, ноҳияи Вахши Тоҷикистон), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1949). Коргари хоҷагии ҷангалпарварии шаҳри Мичуринск (1930 I – 36), колхозчӣ, сардори звено ва раиси хоҷагии «Ленинград» (собиқ хоҷагии «Пешқадам»)-и ноҳияи Вахш (1936 – 68). Звено ва хоҷагии Абрамов ба рӯёндани ҳосили баланди …

Муфассал »

АБДУРРОФЕИ ҲИРАВӢ Зиёуддин ибни Абулфатҳ

odami_nomalum

АБДУРРОФЕИ ҲИРАВӢ Зиёуддин ибни Абулфатҳ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Шахси таҳсилдида, «дар улуми ақлияву адабия ва тиббу луғат» (Забеҳуллоҳи Сафо) беҳамто будааст. Пас аз касби камол нахуст дар дарбори Ғазнавиён (Хусравмалики Ғазнавӣ, ҳукмронии 1159 – 87), баъдтар дар даргоҳи Муҳаммад ибни Соми Ғурӣ (вафот 1203) …

Муфассал »

Абдуллоева Насиба

Абдуллоева Насиба (таваллудаш 15.11. 1961, Самарқанд), сароянда, Артисти халқии Ӯзбекистон (1993). Хатмкардаи Студияи мусиқии Самарқанд (1979) ва Институти давлатии маданияти Тошкент (1989). Эҷодиёташро аз иҷрои сурудҳои халқӣ шурӯъ карда, «Лазгии Хоразм», «Баригал», «Танавор»-ро ҳамчун дурдонаҳои эҷоди мардуми Шарқ ҷилвагар сохт. Ма­ҳорати бадеӣ, овози нозуки ширадор, интихоби матнҳои баландмазмун хоси ҳунари …

Муфассал »

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ин як дастоварди илмиву фарҳангии даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва нишони давлату давлатдории навини миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди тоҷик мебошад. Мардуми мо хуб медонад, ки китоб дурри гаронбаҳо, раҳнамои некиву накукорӣ, аниси умум, хуллас ганҷинаи беинтиҳои маънавӣ буда, ҳамчунон як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудоинопазирӣ зиндагии …

Муфассал »

МУВАҚҚАТАН ҒАЙРИ ҚОБИЛИ МЕҲHAT

invalid

МУВАҚҚАТАН ҒАЙРИ ҚОБИЛИ МЕҲHAT, мувофиқи қонунгузории советӣ муваққатан гум кардани қобилияти иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ (то барқарор гаштани он ё муайян гардидани инвалидӣ). Муваққатан будан— гум кардани қобилияти меҳнат ҳангоми касалӣ, маъюбӣ, дар вақти ба аъзои касалӣ оила нигоҳубин кардан, карантин, ба муолиҷаи санаторию курортӣ равон карданро дар бар мегирад. Дар …

Муфассал »

МОРСАРҲО

morsar

МОРСАРҲО (Ophisops), ҷинси хазандаҳо аз оилаи калтакалосҳо. Дар Африкаи Шимолӣ, Европаи ҷанубӣ ва Шарқӣ, Осиёи Хурд ва Ҷанубӣ 5 ва дар СССР 1 намудашон (О. elegans; ниг. расм) паҳн шудаанд. Дарозиашон то 60 см, қисми болоии танашон ҷигарранги рах-рах ва қисми поёнии танашон сафед. Асосан дар нимбиёбонҳои санглоху гилхоки Закавказия …

Муфассал »

МИРАК САИДҒИЁСИ САМАРҚАНДӢ

nophoto

МИРАК САИДҒИЁСИ САМАРҚАНДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввир ва хаттоти асри 15 форс-тоҷик. Дар санъати сиёадаламӣ ва манзаранигорӣ, ҳунарҳои надвалкашӣ ва барафшон шӯҳрат дошта, настаълиқро низ некӯ менавишт. Аз асарҳое, ки ба Мирак Саидғиёси Самарқандӣ нисбат медиҳанд, як нусхаи ороишёфтаи «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Рашидӣ, «Калила ва Димна» то рӯзгори мо расидааст, …

Муфассал »