Маълумоти охирин

БОННАР Абел

abel-bonnarБОННАР Абел (1883, Пуатйе – 1968, Мадрид), нависандаи фаронсавӣ. Фаъолияти эҷодиашро аз рӯзноманигорӣ оғоз намудааст. Ба қалами ӯ китобҳои «Уқёнус ва Бразилия», «Фаронса ва фарзандони гумноми ӯ» (ҳар ду 1919), «Бачагӣ», «Марокаш» (ҳар ду 1929) ва ғайра тааллуқ доранд. Боннар ба «Шоҳнома»-и Фмрдавсӣ таваҷҷуҳи хос дошт. Соли 1908 достони хамосие бо номи «Шоҳи Форс» таълиф намуд. Воқеаҳои дар ин достон тасвиршуда ба достони «Рустам ва Суҳроб»-и «Шоҳнома» монанд мебошанд. Дар асари Боннар низ ба мисли Гурдофарид сипоҳизани соҳибҷамоле амал мекунад. Ба муносибати ҳазораи Фирдавсӣ (1934) Боннар мақолае нигошта, Ҳомери юнонӣ ва Фирдавсиро «ду қуллаи бародар» хондааст.

Адабиёт: Шокир Мухтор. Адабиёти тоҷик дар Франция. Душанбе, 1985

Ш. Мухтор.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …