Маълумоти охирин

БОМБА

Bomb

БОМБА (олмонӣ Bombe – ғулғула), 1) номи қадимии гулӯлаҳои артиллерӣ. Аз асри 19 сар карда дар артиллерияи рус гулӯлаҳоеро, ки бештар аз 1 пуд (16 кг) вазн доштанд, Бомба меномиданд. Ибтидои солҳои 30 асри 20 номи Бомба аз истилоҳоти артиллерия хориҷ гардид. 2) Бомбаи авиатсионӣ – навъи лавозимоти авиатсионӣ, ки аз само­лёт ё дигар аппаратҳои парвозкунанда ба сӯйи ҳадаф партофта мешавад. Бомба аз тана (1), гӯшакҳо (2), моддаи тарканда (3), стабилизатор (4) ва ҳалқаи баллистӣ (5) иборат аст. Вобаста ба хусусияти зарба Бомбаҳо фугасӣ (барои вайрон кардани иншооти ҳарбӣ ва саноатӣ, анборҳои аслиха, аэродрому пулҳо ва ғайра), пошхӯранда (барои маҳви одамон, артиллерия, нақлиёт ва ғайра), зиреҳшикан (барои маҳ­ви чизҳои зиреҳпӯш ва оҳанубетонӣ), зиддитанкӣ (барои зарба задан ба танку техникаи зиреҳпӯш), зиддикиштӣ (барои маҳви киштиҳо), оташафрӯз (барои ба вуҷуд овардани сӯхтор ва маҳви аскари душман, техника ва иқоматгоҳҳо), кимиёӣ (барои заҳролуд кардани одамон, техника ва маҳалҳои иқоматӣ), атомӣ (дар он заряди ҳастаиро ис­тифода мебаранд) мешаванд. 3) Гулӯлаҳои зидди киштиҳои зериобӣ. 4) Асбоб барои чен кардани қувва ва ҳарорати гази борут дар дохили мил.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …