Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЛОМЕТР

БОЛОМЕТР

bolometerБОЛОМЕТР (юнонӣ боле – нур ва … метр), асбоб барои чен кардани афканишоти электромагнита (асосан инфрасурх), ки дар асоси тағйирёбии муқовимати электрикии моддаи ба ҳарорат ҳассос сохта шудааст. Болометрро соли 1878 мунаҷҷим ва физики амрикоӣ С. П. Ленгли (1834-1906) ихтироъ кардааст. Қисми асосии Болометр лавҳачаи ниҳоят тунук (масалан, аз платина ё ягон ноқили дигар) аст, ки барои беҳтар фурӯ бурдани афканишот сиёҳ карда шудааст. Бинобар ту­нук будан лавҳача таҳти таъсири афканишот зуд гарм шуда, муқовиматаш тағйир меёбад. Болометрҳо ду намуд меша­ванд: филиззӣ ва нимноқилӣ. Болометрҳои филиззӣ аз платина, никел, тило сохта шуда, ба тавассути вурудгоҳи трансформатор насб карда мешаванд, чунки муқовиматашон кам аст. Болометри нимноқилӣ аз ду термистори наворӣ (ғафсиашон то 10 мкм) иборат буда, аз хӯлаҳои никел, кобалт, манган сохта мешавад. Термистори якуми он фаъол буда, афканишотро фурӯ мебарад. Термистори дуюм (эҳтиётӣ) аз афканишо­ти беруна эмин аст ва барои ҷуброни тағйироти ҳарорати муҳит хидмат мекунад. Бо Болометрҳо ҳарорати объектҳои дастнорас ё масофаашон гуногун низ чен карда меша­ванд. Болометрҳои терморезистории аввалин дар радифҳои маснуи Замин насб карда шуда буданд. Болометр ба ҳамаи спектри афканишот ҳассос аст, вале онро асосан дар ахтаршиносӣ (астрономия) барои ба қайд гирифтани афканишоти дарозии мавҷаш ниҳоят кӯтоҳ (субмиллиметрӣ) истифода мебаранд.

М. Холов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …