Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙҶУВОРӢ

БОЙҶУВОРӢ

chuvoriБОЙҶУВОРӢ, бойдарвеш, навъи ҷувории сафед. Асосан барои дону силос кишт мекунанд. Донаш сафед (вазни 1000-тоаш 38-45 г). Баъди 130 – 135 рӯзи кишт мепазад. Барои силос баъди 115 – 120 рӯз медараванд. Дар 2 дарав аз ҳар га то 1000 сентнер баргу пояи силосбоб ва 60-65 сентнер дон гирифтан мумкин аст. Бойҷувориро асосан дар вилоятҳои Суғду Хатлон (водии Вахш) ва вилоятҳои Бухоро, Самарқанд, Хоразм, Сурхондарё ва Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон кишт мекунанд.
Нигар низ Ҷуворӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …