Маълумоти охирин

БОҶӢ

imagesБОҶӢ, ал-Боҷӣ Абулвалид Сулаймон ибни Халаф ибни Саъд ибни Айюб ибни Борис (1013, Баталюс 1081, Алмерияи Андалусия), қозӣ ва фақеҳи моликии андалусӣ. Хонадони Боҷӣ аз Баталюс ба Боҷаи Андалус кӯчид ва баъдҳо дар Қуртуба маскан гирифт. Боҷӣ дар шарқи Анда­лус мезист ва дар назди донишмандони он ҷо, аз ҷумла олими маъруф Абуласбағи Вашқӣ, таҳсили илм намуд. Дар ҳудуди соли 1035 барои идомаи таҳсил ба сафар баромада, муддати 3 сол дар Ҳиҷоз, 3 соли дигар дар Бағдод, чанде дар Димишқ, Миср ва Мавсил буд ва аз уламои машҳури он замон, аз қабили Абузари Ҳиравӣ, Ибни Суҳнун, Ибни Муҳриз дар Ҳиҷоз, Хатиби Бағдодӣ, Абуисҳоқи Шерозӣ, Абутаййиби Табарӣ дар Ироқ касби илм намуд. Ба қавле, мансаби қазо (қозӣ)-и Ҳалабро ба уҳда доштааст. Боҷӣ пас аз 13 соли таҳсил ба Андалус бозгашт. Дар он ҷо гурӯҳе, аз ҷумла Абубакри Тартушӣ, қозӣ Ибни Шибрин, қозӣ Абулқосими Маофирии Сабтӣ аз ӯ фиқҳ ва ҳадис омӯхтанд. Дар иддае аз шаҳрҳои Андалус дар мансаби қазо фаъолият кард. Бо мақсади эҷоди сулҳ байни ҳокимони шаҳрҳои Сарагоса, Валенсия, Мурсия ва Дония, ки ба тафриқа ва ҷудоӣ гароида буданд, миёнравӣ мекард. Боҷӣ аз равишҳои ҷадал ва мунозара огоҳии хуб дошт ва мунозирагари қавиҳуҷҷат буд. Боҷӣ бо донишманди маъруфи он замон Иб­ни Ҳазм дар мавриди усули шариат мунозираҳо мекард ва пирӯзии ӯ дар ин мунозираҳо оқибат боиси аз Мируқа берун шудани ахирӣ гардид, Боҷӣ мунозираҳои худро дар китобаш «ал-Фирақ» овардааст.

Боҷӣ дар баҳси доир ба ҳадисе аз «Саҳеҳ»-и Бухорӣ гуфт, ки огоҳии Пайғамбар(с) аз китобат мушкиле надорад. Ӯ дар ин бора рисолаи «Таҳқиқу-л-мазҳаб»-ро навишт ва дар он хондану навиштанн Пайғамбар (с)-ро мухолиф бо уммӣ (дарснахонда) будани он ҳазрат надонист, балки инро муъҷиза шумурд. Уламои Сақлаба низ ба дифоъ аз ин назария пардохтанд. Ин қавли Боҷӣ боиси инкор ва такфир аз ҷониби Ибни Соиғ, сабаби рӯ гардондани мардум аз ӯ ва лаъну таъни вай гардид.

Боҷӣ муаллифи 30 асар дар улуми гуногун аст. Аз ҷумла, асарҳои ӯ «ал-Мунтақо фӣ шарҳи «ал-Муваттаъ»» (дар 7 ҷилд, Қоҳира, 1914), «Иҳкому-л-фусул фӣ аҳкоми-л-вусул» (Бейрут, 1986), «ал-Ҳудуд» (дар маҷ. «Мутолаоти исломии Мадрид», Мадрид, 1954) чоп шудаанд. Нусхаи осори хаттии Боҷӣ: «ал-Ишорот фӣ усули-л-фиқҳ» дар китобхонаи Азҳария; «ат-Таъдил ва-т-таҷриҳ ли ман харраҷа анҳу-л-Бухорӣ фи-л-Ҷомиъи-с-Саҳиҳ» дар китобхонаи «Нур»-и Усмония; «Сунану-с-солиҳин ва сунану-л-обидин» дар Леон; «Фусулу-л-аҳком ва баёну мо мазо биҳо ал-амалу инда-л-фуқаҳои ва-л-ҳукком» дар «Дору-л-кутуб»-и Миср; «Шарҳу китоби-с-Саводи-л-аъзам» дар Қоҳира; «ал-Минҳоҷу фӣ тартиби-л-ҳиҷоҷ» дар Рибот; «Васияту-л-Боҷӣ» дар Лейден ва Эскориал маҳфуз аст. Аз Боҷӣ ашъоре низ боқӣ мондааст.

С. Маҳмадуллоҳ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …