Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛФАРАҶ (Григорий Юханнан Бар-Эбрая)

АБУЛФАРАҶ (Григорий Юханнан Бар-Эбрая)

АБУЛФАРАҶ (тахаллус; номи асли­аш Григорий Юханнан Бар-Эбрая; 1226, Мелитен, ҳоло Малаяти, Тур­кия – 1286, Мароға, Озарбойҷон), нависанда, донишманд, файласуф, пизишки ошурӣ. Дар адабиёти араб бо номи Ибн ал-Ибрӣ машҳур аст. Маълумоти ибтидоиро дар оила гириф­та, сипас дар Антокия ва Троблус илмҳои тиб ва хитоба (риторика)-ро омӯхтааст. Забонҳои форсӣ, ибрӣ, арманӣ, арабӣ ва ғайраро хуб медонист. Асарҳои бисёре (тақрибан 30-то) оид ба тиб, нуҷум, фалсафа, тасаввуф, хито­ба таълиф намудааст. Пайрави ақидаҳои фалсафии Абуалӣ ибни Сино буд. Асари машҳуру ҷолиби Абулфараҷ китоби «Аҷоиб-ул-ҳикоёт» мебошад. Ин китоб аз 20 боб ва 727 ҳикояти пандомӯз иборат аст. Дар боби якум пандҳову андарзҳо, ҳикматҳои файласуфони Юнон оварда шудаанд. Боби дуюм «Ҳикматҳои муфиди хирадмандони Форс» ном дорад, ки дар он аз забони Куруш, Бузургмеҳр, Анӯшервон ва дигар суханони пандомӯзу андарзҳо фароҳам омадаанд. Дар бобҳои дигар суханони пандомӯз аз забони хи­радмандони ҳиндӣ, яҳудӣ, арабӣ ва дигар паи ҳам ҷой гирифтаанд. Муаллиф хислатҳои бади инсонӣ – хасисӣ, ҳасад, тарсуӣ, аблаҳӣ, пургӯӣ, нодониро танқиду мазаммат кардааст. Қаҳрамонони манфихислати ӯ намояндагони табақаҳои доро – баъзе ҳокимон мебошанд. Гарчанде Абулфараҷ худ рӯҳонии олирутбаи дини масеҳӣ (усқуф) буд, дар баъзе ҳикоятҳояш рӯҳониёни мутаассибро мазаммат кардааст. Абулфараҷ  муаллифи грамматикаи забони ошурӣ – «Китоб-ул-ашиа» (манзум, дорои 618 байт бо фарҳанги тафсирӣ) ва китоби таърихии «Таърихи мухтасар ад-дувал» (иборат аз 3 қисм) мебошад. Баъзе ҳикоятҳо аз «Аҷоиб-ул-ҳикоёт»-и Абулфараҷ  ба забони тоҷикӣ тарчума шудаанд (маҷмӯи«Садои Шарқ», 1965, № 1).

Основание: Смешные рассказы, Москва, 1992.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …