Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБКОР-УЛ-АФКОР ФӢ РАСОИЛ ВА-Л-АШЪОР

АБКОР-УЛ-АФКОР ФӢ РАСОИЛ ВА-Л-АШЪОР

«АБКОР-УЛ-АФКОР ФӢ РАСОИЛ ВА-Л-АШЪОР», қадимтарин маҷмӯаи номаҳо, қасидаҳо, қитъаҳо ва рубоиёти Рашиди Ватвот, ки дар миёни солҳои 1156 – 73 тадвин шудааст. Аз 4 қисм иборат аст. Дар қисми якум 10 номаи арабӣ, дар қисми дуюм 10 қасидаи арабӣ ва чанд қитъа, дар қисми сеюм 10 нома ба забони форсӣ, дар қисми чорум 10 қасидаи форсӣ (дар мадхи худойгони олам, мали­ки муаззам Хоразмшоҳ), чанд ғазалу қитъа ва дубайтӣ ҷой гирифтаанд.

maxresdefaultНомаҳо ба сабки маъмули давраи дуюми Салҷуқиён нигошта шудаанд. Корбасти санъатҳо дар ҳади эътидол аст. Бахусус, аз ташбехоту истиорот фаровон истифода шудааст. Дар номаҳои расмӣ баёни эҳсосот ва отифаи шахсии нигоранда камтар, аммо дар номаҳои ғайрирасмӣ сухан гуфтан бештар мебошад.

Нуктагӯӣ, ғазалгӯй, гилагузорӣ, латифапардозӣ, ҳазлу мазох, нақли ашъори тулонӣ, таҳқиқот ва нуктасанҷихои илмиву  адабӣ бадеияти номаҳоро пурқувват гардонидаанд. Як нусхаи аксии «Абкор-ул-афкор фӣ расоил ва-л-ашъор» дар Китобхонаи миллии Ҷумхурии Исломии Эрон мавҷуд аст, ки асли он дар китобхонаи Донишгохи Истанбул маҳфуз мебошад.

Ад.: Мисбохиддини Нарзикул. Таърих ва назарияи номанигорӣ (аз қадим то замо­ни Амир Хусрави Дсхлавӣ), Душанбе, 2009.

М. Нарзикул.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …