Маълумоти охирин

Архивы за день : 28.11.2017

МАМАДҚУЛИЗОДА Ҷалил

odami_nomalum

МАМАДҚУЛИЗОДА Ҷалил (тахалл. — Мулло Насриддин; 22. 2. 1866, Нахҷувон— 4. 1. 1932, Боку), нависандаи советии озар, ходими ҷамъиятӣ. Солҳои 1888-98 муаллим буд. Аз соли 1903 дар Тифлис зиндагӣ кардааст. Соли 1906 ба нашри журнали ҳаҷвии «Мулло Насриддин» cap карда, ҳаракати миллии озодихоҳии мамлакатҳои Шарқро, химоя менамояд. Иштирокчии Революцияи 1905—07. …

Муфассал »

Малтоиҳо

malto

МАЛТОИҲО, халқ, аҳолии асосии Малта. Шумораашон 420 ҳазор нафар (1978). Ба забони мальтоӣ (гурӯҳи сомӣ) гап мезананд. Эътиқодмандон пайрави мазҳаби католикии д. Эҳтимол, аслашон финиқӣ бошад. Мальтоза чандин асрҳо зери тасарруфи юнониён, римиҳо, арабҳо ва ғ. буданд. Машғулияти асосии Мальтонҳо деҳқонӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ ва баҳрнавардист.

Муфассал »

Маданияти Майкоп

maykop

МАДАНИЯТИ МАЙКОП, маданияти археологии нимаи дуюми ҳазораи 3 то м., ки дар доманаи кӯҳҳои Кавкази Шимолӣ паҳн буд. Аз номи қӯрғони Майкоп, ки соли 1897 тадқиқ гардид, гирифта шудааст. Аз Маданияти Майкоп бисьёр қӯрғонҳо боқӣ мондаанд, ки баъзеи онҳо истеҳкому бошишгоҳанд. Дар охири давраи Маданияти Майкоп мақбараҳои сангӣ пайдо шуданд. …

Муфассал »

ЛЮТЕРЧИГӢ

ЛЮТЕРЧИГӢ

ЛЮТЕРЧИГӢ, яке аз равияҳои асосии протестантизм, ки дар рафти Реформация дар Германия (асри 16) дар асоси таълимоти М. Лютер ва пайравони ӯ пайдо шуда аст. Дар Германия, мамлакатҳои Скандилавия, Америкаи Шимолӣ ва ғ. нуфуз дорад. Дар СCСP калисоҳои инҷилпарастии лютеранӣ дар республикаҳои Прибалтика мавҷуданд. Таълимоти динии Лютерчигӣ аз католицизм асосан …

Муфассал »

ЛУҒАТИ РУСӢ-ТОҶИКӢ дар таҳрири А. П. Деҳотӣ ва И. Н. Брошов

kitob

«ЛУҒАТИ РУСӢ-ТОҶИКӢ», таҳрири А. П. Деҳотӣ ва И. Н. Бршов (М., 1949). Луғат дорои 45 ҳазор калима буда, лексика ва фразеологияи асосӣ ва серистеъмоли забони ҳозираи русӣ ва инчуиин истилоҳоти муҳимро дарбар гирифтааст. Барои луғатномаи русии он луғати тафсирии чорчҷидаи забони русӣ (таҳрири проф. Д. Н. Ушаков, М., 1934—1940) ва …

Муфассал »