Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЯСТРЕБИНСКИЙ Анатолий Александрович

ЯСТРЕБИНСКИЙ Анатолий Александрович

ЯСТРЕБИНСКИЙ Анатолий Александрович (тав. 10. 7. 1932, р-ни Майский, РАСС Каб. Балд.), физику химики     советӣ, доктори илмҳои химия (1983). Аъзои КПСС аз с. 1962. УДТ-ро хатм кардааст (1954). Мудири кафедраи физикаи ядро (1975—83) ва аз янв. 1983 мудири лабораторияи физикаи мустаҳкамии полимерҳои УДТ ба номи В. И. Ленин.

Корҳои илмии Я. асосан ба химияи пайвастҳои калонмолекула, физика ва механикаи полимерҳо оиданд. Дар а соси тадқиқоти у структураи нахҳои полимерҳои химиявӣ (капрон, лавсан, полиэтилен, полипропилен, спирти поливинил ва ғ.), полимерҳои табиӣ (пахта, абрешим), механикаи вайроншавии ин полимерҳо, роҳҳои беҳтар кардани хусусиятҳои истифодавии онҳо (мустаҳкамӣ,, тобоварӣ ва таъсироти муҳит, радиация, нурҳои ултрабунафш ва ғ.) муайян карда шуданд. Методҳои дифракцияи нурҳои рентгенӣ ва пароканиши диффузионии нурҳои рентгение, ки Я. такмил додааст, дар муассисаҳои илмии Москва, Ленинград ва Тошкент истифода мешаванд. Натиҷаи тадқиқоти Я. дар Ин-ти химияи АФ РСС Тоҷ., корхонаҳои Вазорати саноати маҳаллӣ ва ғ. татбиқ меёбанд. Я. муаллифи бештар аз 70 асару мақолаҳои илмист. Аъзои совети проблемавии «Полимерҳои нахҳосилкунанда» мебошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …