Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЯМОМӢ Абусаид

ЯМОМӢ Абусаид

ЯМОМӢ Абусаид (с. тав. номаълум— ваф. 1030, Басра), табиб ва мунаҷҷими форс-тоҷик. Аз муосирони Ибни Сино буда, дар байни ҳамзамононаш бо номи «Шайхи тоифа» ва «Раиси силсила» шуҳрат дошт. Ҳаёт ва таҳсилаш дар ш. Басра ҷараён ёфтааст. Асарҳои машҳуртаринаш: «Шарҳи «Китоби масоил»-и Ҳусайн Ибни Исҳоқ, «Шарҳи «Фусул»-и Буқрот» (ду ҷилд), «Китоб дар муолиҷаи амрози хосса ва ғайрихосса мувофиқи дар шаҳр. мизоҷ ва ҳар син», «Рисола дар пиндоштани илми тиб», «Рисола дар имтиҳони атиббо ва кайфията тамйизи байни табақоти онҳо», «Рисола имитҳон-ул-атиббо». Асари охирин, ки ба аҳамияти мақоми илми тиб, шартҳои имтиҳони духтурон ва сифатҳои онҳо оид аст, дорои арзиши хосест. Дар он аз ҷумла сифатҳои асосии тбоиб номбар шудаанд. Бино ба гуфтаи Я. А. табиб бояд некуақида, покиза, ориф, боғайрат, соҳиби лаҳҷаи неку, ахлоқи зебо, раҳмдил бошад; дар аснои истеҳзо ба ҷаҳлу ҷаҳолат роҳ надиҳад; ифшои асрори мараз накунад; ҳангоми муолиҷа аз касал ҳадди илоҷ наситонад.

Ад.: Султонов У.. Муосирони Абуали Ибни Сино, Д., 1980.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …