Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Муҳаммад Яъқуббек

Муҳаммад Яъқуббек

ЯЪҚУББЕК, Муҳаммад Яъқуббек (1820, Пискент, ҳозира вил. Тошкент—1877), ҳокими давлати Ҷети-шаҳр (ҳафт шаҳр) дар Туркистони Шарқӣ. Миллаташ тоҷик. Аз оилаи савдогари хурд. Я. аввал ҳокими Ҷиноз, дертар (тарм. с. 1851) беки Оқмачит таъин шудааст. С. 1865 ба ш. Қошғар рафт. Дере нагузашта Я. ҳокими Қошғар шуд. С. 1870 Урумчиро забт карда, бо номи Ҷетишаҳр давлати мустақил ташкил намуд ва унвони Атолид ғозӣ Бадавлатро гирифта, ҳокимион гардид. Хитой с. 1878 Ҷетишаҳрро барҳам дод.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …