Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЯКОБИ Борис Семёнович

ЯКОБИ Борис Семёнович

yakobi-b-s

ЯКОБИ Борис Семёнович (Мориц Герман, 21. 9. 1801, Потсдам—11. 3. 1874, Петербург), физик ва ихтироъкори рус. Акад. АФ Петербург (1847; аъзо-корр. 1838). Дар Ун-тҳои Берлин ва Гёттинген таҳсил намудааст. С. 1837 раияти рус буданро қабул карда ба Петербург омад. Я. чанд муҳаррики электрие сохт, ки якеаш бо батареяи гальванӣ кор мекард ва он дар киштие нишонда шуд. С. 1850 Я. мақолаеро таҳти унвони «Дар бораи назарияи мошинҳои электро-магнитӣ» ба табъ расонд ва бо ҳамин ба таҳлили илмии кори муҳаррики электрӣй асос гузошт. Якҷоя бо . X. Ленц электромагнитҳоро тадқиқ намуд ва усули ҳисобу китоби онҳоро пешниҳод кард (1838—44).

Я. қариб 10 намуди аппарати телеграф, аз ҷумла нахустин аппарати телеграфи ҳарфзан (аппарати телеграфи Якоби)-ро сохт (1850), ба гузаронидани нахустин хати кабели Петербург ва байни Петербург — Царское Село (1841—43) роҳбарӣ кард. Асарҳои у ҳалли бисьёр проблемаҳои метрология: муқаррар намудани системаи метр, коркарди эталонҳо, интихоби воҳидҳои андозагирӣ ва ғ.-ро низ тезониданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …