ХУРФАИҲО, хулфаиҳо (Portulacaceae), як оилаи растаниҳост, ки қариб 20 ҷинс (500 намуд)-и гиёҳ ва нимбуттаву буттаҳоро дар бар мегирад. Xурфаиҳо махсусан дар ноҳияҳои иқлимашон гарм ва мӯътадил фаровонанд. Дар СССР (Арктика, Сибири Шарқӣ, Шарқӣ Дур, иичунин Осиёи Миёна, Кавказ ва ғайра) 3—4 ҷинс (10— 12 намуд)-и Xурфаиҳо маълум аст. Дар Тоҷикистон бештар хурфа ё хулфа (Portulaca oleracea) ва гули беор (Р. gramdiflora) маъмуланд. Баргу пояашро чун сабзавот истифода мебаранд. Гули беор хиёбону гулгаштҳои шаҳру деҳоти республикаро оро медиҳад. М. Ҳоҷиматов.