Маълумоти охирин

ХУНИЧ

ХУНИЧ, бузрав (Mediasia macro-phylla), як навъ гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи чатргулҳо. Пояаш: рост (то 1,5м қад мекашад), сершох. Баргаш калон, сегўша. Гулаш майда (моҳҳои июн -авг. мешукуфад). Meавааш (дарозиаш то 7 мм) авг.—сент. мепазад. Xунич хоси Помиру Олой ваТиёншони Ғарбист. Дар Тоҷикистон (қ – кўҳҳои Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, инчунин мавзеъҳои Тоҷикистон Ҷанубӣ ва Шарқӣ; 1300—2800 м аз с. б.) бештар дар минтақаҳои ҷангалзорн гармсер  (шибляк) ва паҳнбарг, арчазор, дашти алафзор, нишебиҳои кўҳ, марғзори баландкўҳ санглох ва шағали канори сой ва соҳили дарёҳо мерўяд.

Xунич яке аз гиёҳҳои маъмули хўрокист. Онро ба монанди вешим ба ҳар гуна таом меандозанд. Хўрокро хушҳазм ва хуштаъм мекунад, инчунин иштиҳоовар аст ва узвҳои ҳозимаро тақвият медиҳад. Барги хушки онро ба чакка, дуғ, ҷурғот меандозанд. Ширро то як моҳ аз вайрон шудан нигоҳ медорад. Решааш заҳрнок аст, пўстро ба монанди уған (юған) месўзонад.

Хуничро буз нағз мехўрад ва фарбеҳ мешавад. Баргу пояи Xунич (давраи мевабандӣ) 9,3% протеин, 8% сафеда, , то 1% равған, 5,5% каротин дорад. Мевааш гликозид, баргу пояаш 0,4— 1% равғани эфир, бехаш 0,1—0,35% пайвастҳои кумаринӣ дорад.

Ад.: Ходжиматов М. [ва диг.], Содержание кумариновых соединений в некоторых видах сем. Apteaceae. «Изв. АН Таджикской ССР», 1081, М 2; Флора Таджикской ССР, т. 7, Л., 1984.

М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …