Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХУҶДОРИҲО

ХУҶДОРИҲО

xujdoriho

ХУҶДОРИҲО, девмашангиҳо (Verbenaceae), оилаи гиёҳ, бутта, лиана ва дарахтонро гўянд. Барги содда, баъзан панҷа монанди дандонадор ё яклухт, гули асосан 5-барга, хӯшагули саракмонанд 6 чатршакл, меваи донакдор ё ғӯзаи 2- 4-палла доранд. Дар Тоҷикистон 2 намуди худрӯи Xуҷдориҳо— хуҷдор ва симолӣ нуму меёбад. Бисёр намудҳои Xуҷдоиҳо аҳамияти хоҷагӣ доранд. Mac., чӯби соҷ хеле хушсифат буда, дар киштиву вагонсозӣ, бинокорӣ, мебелсозӣ ва ғ. истифода мешавад. Аз барг ва гули Zippia citriodora равғани эфир мегиранд ва онро дар атриёту саноати хӯрокворӣ ба кор мебаранд. Баъзе Xуҷдориҳо (мас., симолй) хиёбону гулгаштҳои ш. Душанберо оро медиҳанд.

С. Юнусов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …