Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХОРИ ЧОРСАР

ХОРИ ЧОРСАР

ХОРИ ЧОРСАР, палиурус (Ра-liurus jpina), як навъ буттаи сершоху серхорест (аз оилаи Rhmnaceae. То 1,2 м қад мекашад.

xori-chorsar

Xори чорсар дар шароити табии Тоҷикистон аз тухм зиёд мешавад. Тухмаш моҳи май мерўяд. Қади Xори чорсари 20— 25 сола ба 2 м мерасад. Дар нишебиҳои куҳҳои Ҳисор (ҳавзаи д. Варзоб) ва Қаротегин (ҳавзаи дарёҳои Кофарниҳон ва Сурхоб) мерўяд. Асосан дар ҷангалзори гармсер вомехурад. Дар ҷангалдории куҳӣ аҳамияти калон дорад, нишебиҳои санглохи куҳро мустаҳкам мекунад ва хокро аз обшуй шудан нигоҳ медорад. Xори чорсар буттаи хуби ороишист (алалхусус дар айёми мевабандӣ).

Аз ин рў, онро барои сабзкории шаҳру деҳот тавсия додаанд.

Ад.: Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алая, Л., 1976.

А. Ашуров.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …