Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОНЗОДАИ БУЛБУЛ

ХОНЗОДАИ БУЛБУЛ

ХОНЗОДАИ БУЛБУЛ (с. тав. ва ваф. номаълум), ҳофиз, оҳангсоз ва навозандаи форс-тоҷик (а. 15). Дар Ҳирот таваллуд шудааст. Xонзода  Булбул санъати мусиқиро дар зодгоҳаш омўхта, баъдтар ба Самарқанду Бухоро омада, бо аҳли мусиқии ин шаҳрҳо ҳамкорӣ  кардааст. Xонзода Булбул дар санъати рақсу ширинкорӣ  низ маҳорати баланд дошта, ашхоси гуногуни давраашро ҳаҷв кардааст. Мусаннифи оҳангу таронаҳои «Пешрави Булбул», «Савти Булбул», «Амали Хонзода», «Нақши Булбул» ва ғ.        Л. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …